Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ФарҳангАдабиётҲикоя
Аз аввал хондан

гардиш оварданд. Чун даври қадаҳ ба он мард расид, дарҳол бар пой хосту гуфт:
– Агар халифа маро иҷозат диҳад, як сухан бигӯям.
Халифа гуфт:
– Ҳарчӣ хоҳӣ, бигӯ!
Он мард гуфт:
– Бар халифа аён шуд, ки ман имрӯз дар ин маҷлиси шариф аз пасттарини мардумон будам ва халифаи замон маро ба сабаби андак донише, ки аз ман ба зуҳур омад, ба худ наздик хонду ба дараҷаи баландам ҷой дод ва акнун ҳамехоҳад, ки миёнаи ман ва он андак дониш ҷудоӣ афтад, то аз иззат ба зиллату аз касрат ба қиллат андар оям. Ҳошо, ки халифаи ҷаҳон бар ин андак донише, ки ман дорам, ҳасад барад, аз он ки мард чун шароб бинӯшад, ақл аз ӯ дур шаваду ҷаҳл бар ӯ наздик гардад ва адабаш ба як сӯ раваду дар чашми мардумон паст намояд. Аз раъйи баланди халифа умедворам, ки ин гавҳари гаронбаҳоро аз ман бознагирад.

Чун халифа Маъмун ин сухан бишнид, ӯро мидҳат гуфт ва дар ҳамон рутбати баландаш бинишонду ба тавқиру1 таъзимаш бияфзуд ва аз барои ӯ сад ҳазор дирам бидоду хилъате фоҳираш бахшуд ва пайваста дар маҷлиси мунозира ӯро ба худ наздиктар менишонд ва ба соири фақеҳонаш тарҷеҳ2 медод.

МУКОФОТИ АЪМОЛ

Ва низ ҳикоят кардаанд, ки пайғамбаре аз пайғамбарон дар кӯҳе баланд ибодат мекард ва дар пойи он кӯҳ чашмае буд равон. Он пайғамбар рӯзҳо дар фарози кӯҳ ба ҷойе менишаст, ки мардум ӯро намедиданду ӯ Худои таолоро ёд мекард ва ба касоне, ки ба чашмаи об фуруд меомаданд, менигарист. Рӯзе аз рӯзҳо он пайғамбар нишаста, ба сӯйи чашма назар

1 Тавқир – муҳтарам шуморидан.
2 Тарҷеҳ – беҳтару бартар донистан.

пешина
аз 92
навбатӣ