Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
мекард, дид, ки саворе бад-он чашма фуруд омаду ҳамёни зареро, ки бо худ дошт, дар канори чашма биниҳод ва худ роҳат ёфта, об бинӯшид. Пас аз он савор гашта бирафт ва ҳамён бар ҷой гузошт. Ногоҳ марде ба канори чашма даромад, ҳамёни зар бардошта, об бинӯшиду ба саломат боз гашт. Пас аз он ҳезумкане пуштаи гароне дар дӯш бирасид ва бар сари чашма бинишасту об бинӯшид. Дарҳол савори нахустин бо ташвишу изтироб боз гашту бо ҳезумкан гуфт:
– Ҳамёне, ки аз ман дар ҷой монда буд, куҷост?
Хоркан гуфт:
– Маро аз ҳамён хабар нест!
Дарҳол савор теғ баркашида, хорканро бикушт ва ҷомаи ӯро ҷустуҷӯ карда, чизе наёфту куштаро дар он ҷо гузошта, бирафт. Он гоҳ пайғамбар гуфт:
Худоё, рост гӯям, фитна аз туст,
Вале аз тарс натвонам ҷугидан.
Дар ин чӣ ҳикмат аст, ки яке ҳазор динори зар мебараду яке дигар ба ситам кушта мешавад?
Аз ҷониби Худои таоло ваҳй расид, ки: Ту ба ибодати худ машғул шав, ки тадбири мамлакат кори ту нест ва бидон, ки падари ин савор ҳазор динор аз моли падари он мард дуздида буд, ман онро ба [соҳиби] мол бирасонидам ва аммо хоркан падари ин саворро кушта буд, ман писари ӯро ба қасоси падар тамкин додам.
Он гоҳ Пайғамбар, алайҳиссалом, гуфт:
– Ло илоҳа илло анта субҳонака анта аллому-л-ғуйуб.1
ҲОТАМ ВА ЗУЛКИРОЪ
Аз Ҳотами Тойӣ ҳадис кунанд, ки чун Ҳотам бимурд, ӯро дар сари кӯҳе ба хок супурданд. Дар сари
1 Худовандо, касе ҷуз ту нест, покӣ турост, ки донандаи ниҳониҳо ҳастӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё