Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
– Агар ба канори Даҷла бозгардӣ ва ба иқболи ман дом дар Даҷла бияндозӣ, ҳар он чи ки ба дом - андар афтад, ба сад динори зар аз ту хоҳам харид.
Сайёд аз ин сухан шод шуд ва бо халифа ба канори Даҷла бозгашту дом дар Даҷла бияндохт. Пас аз соате дом берун кашид, сандуқе гарон дар дом бадар омад. Халифа сад динор ба сайёд дода, сандуқ бигирифт ва ӯро ба дӯши Масрур ниҳода, ба қаср биёвард. Чун сандуқ бишкастанд, гилеме ёфтанд дарҳам печида. Чун гилем кушуданд, чодаре диданд. Чун чодарро бардоштанд, духтаре кушта ёфтанд, ки танаш ба нуқраи хом ҳамемонист. Халифа чун ӯро бидид, бигристу гуфт:
– Эй вазири бетадбир, чӣ гуна ман таҳаммул тавонам кард, ки ба аҳди ман мардумро бикушанду ба Даҷла бияндозанд ва базаҳи1 он бар ман бимонад! Ночор бояд кушандаи духтарро бикушам. Ба рӯҳи Аббос ибни Абдулмутталиб савганд, ки агар кушандаи духтар падид наёварӣ, ҳамаи Оли Бармакро бикушам.
Чун Ҷаъфар ҳашми халифа бидид, муҳлат хост. Халифа се рӯз муҳлат дод. Ҷаъфар аз боргоҳи халифа бадар омада, ғамину маҳзун ҳамерафт ва ба ҳайрат - андар буд, ки кушандаи духтарро чӣ гуна ба даст оварам ва дигареро бегуноҳ ба ҷойи вай чӣ гуна ба куштан диҳам. Пас ба хонаи хеш рафта, ба ташвиш андар бинишаст. Рӯзи чаҳорум халифа ӯро бихост ва аз кушандаи духтар бозпурсид. Ҷаъфар гуфт:
– Ло йаъламу-л-ғайба иллаллоҳу!2
Халифа дар хашм шуду гуфт:
– Чун савганд хӯрдаам, имрӯз туро бикушам.
Пас, мунодиро фармуд, ки дар кӯю маҳаллат нидо диҳад, ки Ҷаъфари вазир ба дор кашида хоҳад шуд, ҳар кас хоҳад ба тафарруҷ биёяд. Чун мунодӣ нидо дардод,
1 Базаҳ – гуноҳ.
2 Аз ғайб ба ҷуз Худованд касе огоҳ нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё