Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

мардумон гурӯҳ-гурӯҳ қасди тамошо карданд, вале ҳама аз шунидани ин хабар малулу гирён буданд ва сабаби хашми халифаро ба Ҷаъфари вазир намедонистанд. Чун мардум гирд омаданд, ходимони халифа чӯби дор нишонда чашм ба ҳукми халифа ва гӯш бар фармон доштанд, ки ногоҳ ҷавоне некӯшамоилро диданд, ки ҷомаҳои нав пӯшида, ба шитоб ҳамеояд. Чун ба миёни ҷамъ расид, хештанро ба рӯйи пойи Ҷаъфари вазир андохта, гуфт:
– Эй вазири донишманд, духтареро, ки ба сандуқ – андар ёфтаед, ман куштаам. Ба қасоси ӯ маро бояд кушт.

Чун Ҷаъфар инро бишунид ба халоси хеш шод гашт ва ба гирифтории ҷавон маҳзун буд, ки ногоҳ пири солхӯрдаеро диданд, ки мардум ба канор мекунад ва шитобон ҳамеояд. Чун ба назди Ҷаъфар расид, гуфт:
– Эй вазир, ин ҷавон тақсире надорад, ба хештан бухтон мезанад. Духтарро ман куштаам. Маро ба қасоси ӯ бояд кушт.

Ҷавон гуфт:
– Эй вазир, ин пирамарде камхирад аст, намедонад, ки чӣ мегӯяд. Духтарро ман куштаам, ба қасоси ӯ маро бояд кушт.

Пир рӯй ба он ҷавон карда гуфт:
– Эй фарзанд, ту ҳанӯз аз ҷавонӣ бар нахӯрдай ва дар дил басе орзу дорӣ, туро куштан нашояд. Ман пирам ва аз зиндагӣ сер гаштаам, ҷони худ бар туву бар вазир фидо мекунам.

Чун вазир ин суханон бишнид, шигифт монд ва пиру ҷавонро пеши халифа бурду гуфт:
– Эй халифа, кушандаи духтар падид омад.

Халифа гуфт:
– Аз ин ду кадом як кушта?

Ҷаъфар гуфт:
– Ҷавон гӯяд, ки ман куштаам ва пир низ гӯяд, ки ман куштаам.

пешина
аз 92
навбатӣ