Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
бинишаст ва ба муттакои ҷалолат такя карда, бо хештан гуфт: «Эй нафси шум, ман ҳамаи дунё аз барои ту гирд овардам, акнун осуда бош ва аз ин неъматҳои гуворо бихӯру дар тамомати умр баҳраи комил бардор».
Ҳанӯз подшоҳ аз ҳадис гуфтан бо хештан фориғ нашуда буд, ки марде ба хориҷи қаср даромад, ки ҷомаи куҳан дар бар дошт ва ба ҳайъати дарюзагон¹ анбоне аз гардан овехта буд. Пас дари қасрро сахт бикӯфт, бад-он сон, ки наздик шуд қаср аз ҳам фурӯ резад. Ғуломон ба сӯйи дар барҷастанд ва бонг ба кӯбандаи дар бизаданду ба ӯ гуфтанд:
– Вой бар ту, ин чӣ кор аст? Сабр кун, то малик таом хӯрад ва аз таҳмондаи моидаи² малик туро навола бахшем.
Он мард ба ғуломон гуфт:
– Маликро бигӯед ба сӯйи ман ояд, маро бо ӯ сухане ҳаст ва коре зарур бо ӯ дорам.
Ғуломон ба ӯ гуфтанд:
– Дур шав, ту кистӣ, ки маликро ба берун омадан амр мекунӣ?
Он мард ба эшон гуфт:
– Шумо пайғоми маро ба малик бирасонед!
Ғуломон ба сӯйи малик омаданду пайғом бигузориданд. Малик ба эшон гуфт, ки:
– Чаро ӯро наёзурдед ва аз дар нарондед?
Он гоҳ он мард дарро сахттар аз нахустин бикӯбид. Ғуломон бо чӯбу аслиҳа ба сӯйи ӯ бархостанду қасди муҳорибати ӯ карданд. Он мард бонг бар эшон заду гуфт:
– Бар ҷойи хештан бинишинед, ки ман Малакулмавтам!
Ғуломон ба ҳарос андар шуданду ақлашон бирафт ва
¹ Дарюза – гадо, хоҳанда.
² Моида – хони неъмат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё