Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

андомашон биларзиду аз ҳаракат бозмонданд. Малик ба эшон гуфт:
– Малакулмавтро бигӯед, ки дигаре ивази ман бигирад!

Малакулмавт гуфт:
– Иваз нагирам, наёмадаам магар аз барои ту, то миёнаи ту ва неъматҳое, ки ҷамъ кардаӣ, ҷудоӣ афканам.

Дар он ҳангом малик оҳе баркашид ва бигристу гуфт:
– Нафрини Худо ба мол бод, ки маро мағрур кард ва аз парастиши Парвардигор боз дошт, гумони ман ин буд, ки маро суде хоҳад бахшид, вале имрӯз ҷуз ҳасратею ваболе аз барои ман намонд. Инак, ман тиҳидаст меравам ва мол аз барои душманони ман бар ҷой мемонад.

Дар он ҳангом ба изни Худои таоло мол забон кушуду ба ӯ гуфт:
– Ба чӣ сабаб маро нафрин мекунӣ, хештанро нафрин кун, ки Худои таоло ману туро аз хок офаридаву маро дар кафи ту биниҳод, ки ту аз ман ба охирати худ тӯша гирӣ ва маро ба фуқарову масокин тасаддук диҳӣ ва бо ман работу масҷиду пул бино кунӣ, то дар охират ёри ту бошад, валекин ту маро ҷамъ кардӣ ва ба хизона биниҳодию дар ҳавои нафс сарф кардӣ ва шукри Парвардигор ба ҷо наёвардӣ! Акнун маро ба душманони худ бигузоштӣ ва худ бо ҳасрату надомат меравӣ, пас, гуноҳи ман чист, ки маро дашном медиҳӣ?

Он гоҳ Малакулмавт рухи маликро дар ҳолате, ки ӯ ба фарози сарир1 буд, қабз карду нагузошт, ки хӯрдандӣ бихӯрад ва малик дарҳол аз тахт мурда бияфтод.

1 Сарир – тахт.

пешина
аз 92
навбатӣ