Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ФарҳангАдабиётҲикоя
Аз аввал хондан

– Маро соате муҳлат деҳ!
Малакулмавт гуфт:
– Туро айёми зиндагонӣ даргузашта ва аз барои ту ҷуз нафасе боқӣ намонда.
Малик пурсид:
– Маро чун ба лаҳад гузоранд, дар назди ман кӣ хоҳад буд?
Малакулмавт фармуд:
– Дар назди ту ҷуз амали ту кас нахоҳад буд.
Малик гуфт:
– Маро амале нест.
Малакулмавт ҷавоб дод:
– Чун чунин аст, туро ҷой дар дӯзах аст ва оромгоҳи ту дар оташи ғазаби Малики ҷаббор аст!
Пас аз он рухи маликро қабз карду малик аз тахт бар замин афтод ва фарёду нола аз аҳли мамлакат баланд шуд.

ҲИКОЯТИ ЧАҲОРУМ

Ва аз ҷумлаи ҳикоёт ин аст, ки Искандари Зулқарнайн дар порае аз сафарҳои худ ба ҷамъе бигузашт, ки эшон аз моли дунё чизе надоштанд ва бар дари хонаи хештан қабр канда буданду ҳар рӯз чанд бор ба сӯйи он қабр меомаданд ва онҳоро ҷорӯб мекарданду ба ибодати Парвардигор машғул мешуданд ва эшонро таоме ҷуз гиёҳи замин набуд. Искандар кас ба назди эшон бифиристоду бузургии эшонро бихост. Ӯ фармони Искандар набурду гуфт:
– Маро ба ӯ ҳоҷате нест!
Искандар худ ба сӯйи эшон рафту ба бузургии эшон гуфт:
– Ин қабрҳо ба дари хонаи хештан аз баҳри чӣ кандаед?
Гуфт:
– Ба сабаби ин ки пайваста ба онҳо назар кунем ва маргро ба хотир оварда, охиратро фаромӯш накунем,

пешина
аз 92
навбатӣ