Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ҲИКОЯТИ СЕВУМ

Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки малике боҳашмат аз мулуки банӣ Исроил рӯзе бар тахти мамлакат нишаста буд, мардеро дид, ки дар қаср омад, ки сурате маҳибу ҳайате аҷиб дошт. Малик аз омадани ӯ озурда шуд ва аз ҳайати ӯ ҳарос карда ба сӯи ӯ бархоста ба ӯ гуфт:

– Эй мард, ту кистӣ ва бе иҷозати ман чаро ба хонаи ман омадӣ?

Он мард гуфт:

– Маро Худованди олам ҷавоз додаву маро ҳоҷибе манъ натавонад кард ва ман дар рафтан назди мулук ҳоҷат ба иҷозат надорам ва аз сиёсати салотину аз анбӯҳи лашкари эшон натарсам ва ман онам, ки мулуки боҳашмат маро натавонанд гирифт ва ман барҳамзанандаи лаззоту парокандакунандаи ҷамоот ҳастам!

Малик чун ин сухан бишунид, ларза бар андомаш афтоду бехуд гашт. Чун ба худ омад, гуфт:

– Магар Малакулмавтӣ?

Ҷавоб дод:

– Оре!

Гуфт:

– Туро ба Худо савганд медиҳам, ки як рӯз маро муҳлат деҳ, то аз гуноҳони худ истиғфор кунаму аз Парвардигори худ маъзарат ҷӯям ва моле, ки дорам, ба худовандони он рад кунам, ки маро тоқати машаққату ҳисобу ранҷи азоб нест.

Малакулмавт гуфт:

– Ҳайҳот, ҳайҳот, ин орзу муҳол аст, чӣ гуна ман туро муҳлат диҳам, ки айёми умри ту маҳсубу нафасҳои ту маъдуму¹ аҷали ту мактуб² аст.

Малик гуфт:

1 Маъдум – баохиррасида.
2 Мактуб – навишташуда.

пешина
аз 92
навбатӣ