Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

супорам ва туро шарики мамлакати хеш кунам!
Он мард ҷавоб дод:
– Маро ба ин чизҳо рағбате нест!
Искандар аз ӯ пурсид:
– Сабаб чист?
Ҷавоб дод:
– Аз он ки ҳамаи халқ ба сабаби молу мамлакат душманони туанд ва ба ҷиҳати гузашти ман аз ин мол бо ман садиқанд, аз он ки маро мулке дар дунё нест ва тамаъе аз дунё надораму толиби ӯ нестам ва маро кор ҷуз қаноат нест.
Пас Искандар ӯро дар оғӯш гирифт, ҷабини ӯро бибӯсиду аз он ҷо боз гашт.

ДОСТОНИ ҲАМДУНА
БО РӮБОҲ ВА МОҲӢ

Овардаанд, ки рӯбоҳе дар байни роҳе моҳие дид, бо худ андешид, ки дар ин мавзеъ дарёву рӯде нест ва на дӯкони сайёд ва моҳифурӯш аст, ки моҳӣ тавонад буд. Ин бе баҳонае ва макре набошад. Моҳӣ бигузошт ва роҳ баррафт. Дар роҳ бо ҳамдунае рӯ ба рӯ шуд, рӯбоҳ бар ҳамдуна салом гуфт ва шарти дӯстиву маросими хизмат ба ҷой овард ва гуфт:
– Маро нахчирону ваҳшиён ба ҳукми эътимоде ба вакиливу намояндагӣ наздики ту фиристодаанд ва пайғомҳо дода мегӯянд: «То ин ғоят подшоҳи ҷонварони ваҳшӣ шер буд ва моро ба зулму хунхорӣ ранҷҳо фаровон намуд, акнун мехоҳем, ки ӯро аз мулку подшоҳӣ холӣ кунем ва ихтиёри ин муҳим дар дасти фикри равшану тадбири расои ту ниҳем». Агар қабул кунию рағбат намой ва ба иҷрои ин кор хоҳиш дошта бошӣ, ба фалон мавзеъ ой.
Ҳамдунаро тамаъи мулку подшоҳӣ даррабуд ва фавран бо рӯбоҳ бозгашт. Рӯбоҳ чун донист, ки наздики моҳӣ расиданд, биистод ва дастҳо ба дуо

пешина
аз 92
навбатӣ