Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
бикушоду гуфт:
– Эй подшоҳе, ки ақлу ҷаҳл дар димоғҳо ту таркиб кунӣ ва донишу беақлӣ дар дилҳо ту ҷамъ орӣ, агар ҳамин интихоб дуруст аст, моро ба чизе башорат диҳӣ, ки ҳеҷ соҳибдавлат мислу монанди он надида бошад.
Чунон қадаме чанд бизаданд, моҳие падид омад. Рӯбоҳ гуфт:
– Аллоҳу акбар, инак аломати он, ки дуои ман ба иҷобат расид, то чунин аломате пайдо омад ва чунин каромате рӯй намуд. Акнун ту бад-ин неъмат сазовортарӣ.
Ҳамдуна ин ишваҳо чун шакар бихӯрд ва бе мулоҳиза сӯи моҳӣ рафт ва даст дароз кард, бандҳои дом биҷасту пои ҳамдуна сахт бигрифт ва маҳкам бибаст ва моҳӣ аз дом ҷудо шуд. Рӯбоҳ пештар рафт ва моҳӣ хӯрдан гирифт.
Ҳамдуна гуфт:
– Он чист, ки ту мехӯрӣ ва ин чист, ки маро сахт гирифтааст?
Ҷавоб дод, ки:
– Подшоҳонро аз банду зиндон чора набувад ва раиятро аз луқмаву тӯъма гурез набошад.
ДОСТОНИ ЗАНИ БОЗАРГОН
Дар рӯзгори гузашта ва айёми рафта бозаргоне буд, ки ба неъмату сарват шуҳрате дошт ва ба молу давлат маъруфу машҳур буд ва дар корҳои иморату деҳқонӣ ва зироату бозаргонӣ ҳозику доно буд ва дар санъати кишту зироат моҳир ва дар донистани роҳҳои деҳқонӣ тавонову қодир. Вақте аз барои масолеҳи маишату риояти асбоби фарогат ва талаби таҳсили тамошову истироҳат ба назорати милку боғот ва тафтиши кишту зироат мусофирате кард ва муддате аз барои анҷоми ин муҳим аз хона дур монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё