Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бешаи сабз сиёҳ гашта буд. Ҷо-ҷо кундаҳои сўхта ва шохаҳои сиёҳ, боқӣ монда буданд ва баъзан мурдаҳои нимсўхтаи мақдуниён ё одамони кирояи музофот пайдо мешуданд, ки аз шуда пушаймон дандон инҷ карда мехобиданд.
Манзараи ҳузновар Искандарро ношод кард ва устодаш Лисимах сар афшонда гуфт:
— Бисёр корзорҳоро дидам, вале одам баробари ҳезум сўхтанашро бори аввал мебинам.
Ва ларзид. Искандар надонист аз ҳаяҷону алам ларзид устодаш ва ё аз боди серуни бегоҳирўзии фасли зимистон. Ба ҳар ҳол ўро низ ношодтар кард ин манзара ва ҳар ду дар дил «фоли бад» донистанд.
Аз кундаҳое, ки ҳанўз дуд мекард, оташ пайдо карда афрўхтанд ва шаби сардро саҳар гардониданд. Он шаб ончунон орому хомўш буд, ки дар наздикиҳо дому дад намонда гўйӣ. Вале аз дурдаст равшании оташ гирифтани бешаи сари кўҳ ягон-ягон метофт ва садои қарс-қарси сўхтани ҳезум шунида мешуд.
Рўз шуд. Искандар пеш аз набард фармуд оташи бешаро хомўш кунанд. Гоҳи набарди одаму оташ «арабҳои бадавӣ» ҳуҷумовар шуданд ва сарбозони мақдуниро нобуд сохтанд.
Ва Искандар хашм гирифт ва амр кард бар разм. Гўйӣ зиёд хобиданд. Зиёда аз як ҳафта лашкари Искандарӣ арабҳоро танг кард ва оқибат онон рў ба биёбон оварданд. Мақдуниён аз паси онҳо шуданд ва пароканда карданд…
Ва тириёни ҷазира аз набудани Искандар истифода карда муборизаи сахт бурданд. Онон аз дидбонҳо тирандозӣ карда, душманро андармон доштанд, вале дар асл киштии бузургро пур аз кибриту қиру чўбу чахсу тароша карда ба дарё андохтанд ва чун боди шурта бархост, сўйи дамма ронданд. Чун киштии азим ба дамма наздик омад, онро оташ заданд. Киштӣ дар об сўхт ва ҳамаро сўзонду валангор кард. Мақдуниён аввал сарфаҳм нарафтанд, онро воқеаи тасодуфӣ пиндоштанд. Оне ки ба дамма расида шохҳои пахшкардаро сўзонд, бурҷу манораҳои барои тирандозӣ омода сохтаро оташ гиронд ва миёни роҳро бурида як тўфони пурмавҷро ба миён овард ва ҳама валу валангор шуд, донистанд, ки кори тириён буда.
Ва чун Искандар бозгашт, донист, ки оташи кўҳ ба баҳр омада…
Аз чунин нобарорӣ ғамӣ гашт ва сар бар каф ба андеша рафт.
Боист ҳама чораҳоро биандешад ва ҳама имконотро истифода бубарад. Сафарбарии умумӣ эълон шуд: хурду бузург ба сохтмон часпиданд, мардуми музофот кироя шуданд ва шоҳ озмун эълон кард барои беҳтарин коргар: шутур бузург, захмаш низ бузург; ҳар кӣ барои бурҷу амад сохтан беҳтарин дор меорад, мукофоташ мувофиқи кораш.

пешина
аз 391
навбатӣ