Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Падаратро куштам…
— Бахшидам…
— Шавҳаратро куштам…
— … бахшидам…
— … шавҳари дуюматро куштам…
— … бахшидам…
Искандар хомўш монд, ки чунин осон бахшидан бесабаб нахоҳад буд ва баъди дуру дароз андеша карда ҷавоби аниқ наёфтан пурсид:
— Чаро ин қадар осон бахшидӣ ҳамаро?
— Ин разм аст, яке дигареро бояд бикушад.
Мармуз буд посухи Барзин. Искандар қонеъ нагашт ва инони сухан дигар сў тофт:
— Ва чун шуд, ки ялони Порс ба даст афтоданду гетерҳои Порс на?
— Чӣ гуна? Порсиён гетер надоранд. Ва ту маро гетер пиндорӣ, Искандар?
— На, Барзин! Онҳоеро дар назар дорам, ки рақсанд.
— Охир, ман юнонӣ низ ҳастам ва донам, ки гетер чӣ маънӣ дорад. Гетер танҳо раққоса набувад. Раққосаҳои порсӣ дунболи сипоҳ нагарданд ва порсиён ба раққоса чандон назари хуб ҳам надоранд. Духтарони падару модар безор бояд раққоса бишаванд.
Аз ин рў миёни мардум раққоса эътиборе надорад. Ва шоҳон эшонро ҳамроҳ нагиранд, вале дар базмҳо пазиранд. Шояд аз ин хотир ба дасти шумо наафтода бошанд раққосаҳо... Агар маро дар назар дорӣ, ғалат кунӣ… ман раққоса наям.
Ҳанўз Искандар фикри хешро дар бораи гетерҳо ва раққосаҳо нагуфта, аз ҷониби кўҳ садое омад ва ду нафар намоён шуданд, ки пояшон ба замин нарасида метохтанд. Искандар аз пардасаро сар бурун оварда, ҳоли онон дид, сармои зимистон эҳсос намуда хилъат ба бар кард ва бурун омад, то чӣ пеш ояд. Онҳо низ даррасиданд. Рў ба рўйи Искандар бозистоданд. Нафасгардон арз карданд:
— Арабҳо!… Арабҳои бадавӣ ҳамаро куштанд! Бешаро оташ заданд!!
Искандар дўст дошт чунин кўтоҳ ва рўшан гуфтанро. Ҳатто насанҷид, ки рост гўянд ё дурўғ. Бонг зад:
— Ба кўҳи Лубнон! Ба ҷанги бадавиён!
Ва сохтмони даммаро ба дўстонаш Протей ва Кратер вогузошта, худ ба ҷанги арабҳои биёбонгард рафт. Устоду мураббӣ Лисимахи вафодорро низ ҳамроҳ гирифт. Чун кўҳи зонушикан буд. Лисимахи кўҳансол наметавонист бо осонӣ бигардад. Оҳиставу дам гирифта мерафт ў ва Искандарро лозим омад ба пойи ў бигардад. Аз ин рў сарбозон чун мўру малах ба кўҳ часпиданд, чолок пеш рафтанд ва Искандару ёронаш пас монданд.. Чун ба кўҳ расиданд, ҳамаро сўхтаву валангор диданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё