Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Гумон мекунам чунин буд, – баргашта ба рўйи рости шоҳи омада нигариста, посух дод файласуф дилу бедилон.
— Ҳммм… – мадд кашид ба худ ва пурсон шуд: – Киро бештар қадр кунанд мисриён?
— Яъне?
— Аз симоҳои таърихӣ ё шахсони зинда киро бештар сано хонанд?
— Зулқарнайнро.
— Кист Зулқарнайн? – гўё тираш хок хўрда таҳҷўйӣ кард Искандар.
— Куруш! Куруши Кабир.
— Оне, ки ду шох дошт?
— На! Ў шох надошт, балки чун шоҳ Мидоси юнонӣ кулоҳи шохдор мепўшид. Пайғамбаре буд неку накўкор. Шоху шохаҳоро якҷоя месохт, то дарахти азими ҳаёт ҷовидона сабз бошад.
Чун падараш аз Порс буд ва модараш аз Модай ва Куруш фарзанди ду миллат буд, бузург гашту ин ду миллатро якҷоя кард, Зулқарнайнаш номиданд; аз ду шоха; душоха. Зеро ду шохаи олам – Мағрибу Машриқро ба ҳам овард; тоҷи ин шоҳи одил ва пайғамбари накўро душоха сохтанд, Зулқарнайн ном бардошт. Ва инак чун Искандари адолатхоҳ Мисри Болову Мисри Поёнро ба ҳам овардан мехоҳад, шояд низ лақаби Зулқарнайнро бигирад.
«Маро мазох кунад ин пир. Мағрибу Машриқ куҷову Мисри Болову Мисри Поён куҷо?» аз дил гузаронд, тафсид; вале ғазаб ҳувайдо накарда, фармуд: «Искандар низ Мағрибу Машриқ ба ҳам хоҳад овард.»
— Инчунин бодо… Лақаби Зулқарнайн Искандарро низ насиб хоҳад шуд.
— Искандар ба ин сухан чандон эътибор надод ва ҷўё шуд:
— Ҳанўз ҳам эътиқоди мардум зиёд бувад он Зулқарнайнро?
— Оре! – гўё гиреҳи сўҳбат кушода шуда бошад, шод гашт файласуф, ки мехост шаборўз аз рўзгор ва кору бори пайғамбари накўкор сухан кунад: – Бо доноён ва рамузфаҳмон сўҳбат кардан осон бувад, ки бо нодонон. – Таваҷҷўҳи Искандарро ба худ кашид Псаммон. – На танҳо мисриён, порсҳову модҳо, балки наҷоди дигар низ сипосгузор ҳастанд пайғамбарро. Яҳудиён ўро наҷотбахш ва зиндагардони олу дудмони хеш донанд; ва пайғам-
1 бар хонанд.
— Пас ў яҳудист.
— На, шоҳ, ў порс аст ва оташпараст.
— Шак дорам. То ҷое ки медонам, шак дорам ва шубҳа дорам, ки ў фарзанди инсон бошад.

  1. Ягона пайғамбари ғайри яҳуд бувад, ки дар «Аҳди яҳуд» омада.
пешина
аз 391
навбатӣ