Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сари хиҷолат бар болин гузошт, то даме осуда бошад; осуда аз ҳама: аз ҷанг, аз молу хоста; аз кишваркушойӣ, ҷаҳонгирӣ, хушомаду дасисаву дурўягӣ, нифоқу бурду овардҳо…
ҳатто аз гарду ғубор… Фароғат мебоядаш… Аммо тафсои тамуз лакот ва арақшор гардонда будаш…
Баъдтар хоб бурдаш, хоби ялӣ.
Ва бедор шуд андар Мемфис…
Шоҳи ғарра ба барору пирўзиҳо яқин карда буд, ки бо ному насаби яздонӣ – писари худои Аммон – обрўву эътибори зиёде пайдо кунад миёни халоиқи оинпарасти Шарқ. Бо чунин умед, осемаву шитобзада нагашта, солориву бурдборӣ кард; аз пайи гўри гурезон шоҳ Доро нашуд, балки ба сохтану обод кардан пардохт. Уламову фузало ва асилзодагони мисриро фаро хонд, то нақшаҳои ободонӣ пеш оранд. Шоҳ Искандар то имрўз Искандариҳои зиёде бунёд кард ва донист, ки он нақшаву сохтмонҳо пеши сохтмонҳои азиму аҳроми беназири Миср дигаргунаанд.
Бибояд ҳунармандони фарзонаи Юнону Мисрро ба сохтмони Искандарии нав ҷалб кард. Ва аввалтар аз ин, бибояд Мисри Болову Мисри Поёнро ба ҳам орад, пасон шаҳр бисозад.
Маҷлис орост. Мардони бодонишу бохирадро фаро хонд. Миёни эшон марди миёнсоли миёнақомат, ки бар абрўи росташ се тори сапеди якҷоя дошт, Псаммони файласуф низ буд; ҳамон ришдори мўйи сараш тунуки то гардан кашол. Сари пурбор хам ҳамедошт. Искандар, ки ўро пештар дида буд, майлу таваҷҷўҳ дошт, то ба ў бирасад. Майгусорӣ низ буд андар маҷлиси дониш.
Шоҳи ҷавони боҳуш Искандар, ки мактаби Суқроту Фалотуну Арастуро гузашта, рў ба фалсафаи Шарқ оварда буд, ба файласуфи номдору хоксори мисрӣ Псаммон мароқ зоҳир кард: соғари бода ба даст биомад назди ў ва хушҳолона ҷом баланд кард.
Псаммони бохирад, ки соғар надошт, боло шуд ба пой ва низ хушҳолона шодбош гуфт фиръавнро:
— Хуҷиста бод ва нек бод пойи шоҳ!
— Пири хирад чӣ назар дорад аз омадани мақдуниён?
— Худованд низ тарафдори зўр бувад!
Искандар оне бозмонд ногуфта, сипас фармуд:
— Зўрие набуд… Мисриён хуш пазируфтанд
— Оре, шоҳ! Хунрезиҳои зиёд хун ба дили мисриён баста.
Онҳо дигар нахоҳанд, ки фарзандашонро пеши чашмашон сар гиранд, пўст кананд, тухму таносул бибуранд, чашм кобанд, забон кашанд, бар дор овезанд, ба дунболи асб банданд. Борҳо шуда, ки мисриёни зинда монда рўзгорро андар биёбон оғозу обод намуданд; зиёд кўшиданду зиёд сохтанд ва нахоҳанд ободонро харобот дидан.
— Ва танҳо ҳамин буд асбоб? – аз китфи Псаммони шуҷоъ дошта ва майли канор рафтан карда пурсид Искандар.

пешина
аз 391
навбатӣ