Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Сарзаминеро таҷовуз накарда, моли касеро нарабуда, хонаеро насўхта, ободон харобот нагардонида… агар дар ҷое буда, аз зарурат буда; ба дифои халқе ё қавме, ба дастгирии фарде ё гурўҳе, ба ободонии мулке ё сарое…
— Ай ҳаким, чунон гўйӣ, ки душман дўст гардад ўро.
— Оре, шоҳ! Чунон буда.
— Бигўй, ки чӣ карда?
— Мисру Байтулмуқаддаси хароботро обод карда, Садди Чин сохта, Моду Порсро ба ҳам оварда…
— Ва мо Мисри Болову Мисри Поёнро бо ҳам оварем.
— Хуб бошад.
— Ва ҷаҳонгирӣ чӣ гуна бошад?
— Ҷаҳонгирӣ?
— Оре, ҷаҳонгирӣ.
— Касеро дасту тавон набуда, ки ҷаҳонгир шавад, ҷуз Худойгонро.
— Ва Курушро низ?
— Ва Куруши «шохдор»-ро низ.
Биандешид Искандар ба худ; посухи коҳинони маъбади Аммонро ёд овард: «Ҳокими халқони рўйи замин хоҳӣ шуд». Ва пурсид аз Псаммони донишманд:
— Худоён низ дурўғ гўянд?
— На. Худоён дурўғ нагўянд; аз номи худоён дурўғ гўянд.
— Ва он ки ба пурси ман: «Оё ҳукмрони башар гардам?» Худои Аммон посух дод: «Оре!» дурўғ бувад?
— Ман нашунидаам чунин посухи Аммонхудоро. Вале донам, ки танҳо ва танҳо Худованд ҳукмрон бошад бани башарро. Ў падари ҳамагон бошад ва наздику муҳиббонашро шодком гардонад.
— Кадом худоро бигўйӣ? Зевсро? Аммонро?
— Худои ягонаро.
— Кӣ буда он худои ягона?
— Худои ягона ном надорад. Яздони пок.
— Ва Куруш низ набошад?
— На. Куруш як пайғамбар бувад. Пайғамбари мурсал ҳеҷ гоҳ даъвои худойӣ накунад.
— Ва кӣ кунад даъвои худойӣ?
— Оне, ки мағзаш коста бошад.
— Ҳммм – мадд кашид димоғӣ, ки дашномро мемонд ва шоҳи боор олуғдаву тезҳуш метофт. Неш заданҳои ҳакими донову ватанпарастро дарёфта, тунд гуфтанӣ буд, то ў низ ба ғазаб ояд ва ситезад: – Шоҳи шохдорро чунон сутудӣ, ки пиндоштам: Худо ўст.
— Сад тавба, ки худо Куруш бошад. Куруш фармудаҳои неки худоро ба ҷо оварда чун Ҳурмузд. Аҳриманиҳояшро дигарон сохтанд, – нарму осуда сухан дошт ҳаким, ки боист чунин бигўяд ва Искандари марзҷўро бифаҳмонад: «Беҳуда бувад, ки гови нар медўшӣ!»

пешина
аз 391
навбатӣ