Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Искандари чеҳрашинос ҷаҳду нияти файласуфро дарёфта, ки нақша ва кишваркушоиҳои ўро беҳуда донад ва рад кунад фармудаи саркоҳини маъбади Аммонро. Андарунаш чизе биҷўшид чунон ки вулқон зери замин; бигардад, биҷўшад, аз самте занад ба самте ва оқибат бидарронад марзро.
Ва Псаммон ба маънии хушбод фармуд:
— Маликуррум мактаби фалсафии Афлотуну Арастуро гузашта; зиёда аз ин қисмат ва матонати Суқротро омўхта; сухани зиёд бори гарон бошад… Ҳар чӣ табъаш бардорад, он бикунад.
Псаммон вонамуд, ки дамаш нишаста, вале «Маликуррум»
номиданаш нохушу ногувор омад Искандарро. Ў абрў чин кард.
Чун одат миёни сўҳбатро шикаст. Мазмун: нафоридаш.
Чун ҳаким огаҳ набуд аз одати Искандар ва барои он ки бовар кунонадаш, ки Куруш кӣ буд, фармудаи Арастуи бузургро бурҳон овард: «Ҳама касоне, ки ба шаҳриёрӣ расидаанд, қаблан ба кишвар ё мардуми хеш хидмате кардаанд ё тавону тавоноии хидмат доштаанд: бархе аз подшаҳон чун Кадрус хатари бандагиро аз сари мардуми худ дур кардаанд. Баъзе монанди Куруш кишвари хешро аз бардагӣ раҳонидаанд ва бархе монанди шоҳони Лосиду Мўнӣ ва Мақдунӣ заминҳои тоза барои кишварҳои худ ба даст овардаанд.
Вазифаи подшоҳ он аст, ки тавонгаронро аз озори мардум ва мардумро аз ситами фармонравоён нигаҳ дорад…»
— Ин ҳарфҳо маро тоза наянд…
— Донам… Вазифаи ман ёдрас кардан буд. Вақте ки кас бо кори муҳимме сахт банд гардад, дигар ҳамаро аз ёд диҳад.
— Онеро, ки ҳаким гўяд «носипос» ном дорад. Фарзанди номбардори халқу кишвар ҳеҷ гоҳ мушкилаву масъалаҳои асосиро фаромўш нахоҳад кард. Ва ҳаким, бидон, ки ман туро барои Шарқро аз дигарон хубтар донистанат пеш хондам, на барои панду андарз гуфтанат.
— На танҳо Шарқро, Ғарбро низ, Маликуррум…
Искандар гоме пеш гузошт ва чашм ба чашми ҳаким дўхта гуфт:
— На. Ғарбро дигарон аз ту хубтар донанд!
— Шарқро низ, Маликуррум… – нописандона гуфт Псаммон ва қасдан «Маликуррум»-ро такрор бикард, то ба хашм орад шоҳро.
Зеро бо Шарқ иртиботе надоштани Искандарро таъкид кард ва ҷуз тартумарт ба дигар кор шавқе надоштани ўро низ дар назар дошт:
«Сад сол гузарад ҳам, меҳмон ҳастӣ» мурод чунин буд. Аз ин рў дар андешаи ҳаким хушомад задан набуд, рўшод гуфтанро авло медонист. Искандари зирак низ ҳамаро хуб дарку дарёфт мекард ва ба такрор «Маликуррум» гуфтани ўро таъна пиндошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо