Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— На-а-а рўсабӣ, чизе надонӣ ҷуз бухлу кина…
— Саҳл бошад андешаи Маликуррум ва беҳуда. Псаммон андешаи тахту тоҷро надорад; зару зевар ва ҳадяву хостаро написандад. Оне бухлу кина гирад, ки хаёли ҷоҳу ҷалол ва орзуи дунёйӣ дорад. Ҳакимон андешаи хешро бо баландиҳо пайвастаанд ва бо дунёи фонӣ ошнойӣ надоранд. Агар ҳаким Арасту андешаи зари Порсро дошт, лошак пешниҳоди Маликуррумро пазируфта буд ва ҳамроҳи шоҳ ба Шарқ омада буд. Ва шогирди донояшро чунин посух надода буд: «Аз юриши Порс муҳимтар коре дорам…»
— Ту ин ҳамаро аз куҷо донӣ? Ва чаро бо ман гўйӣ?!
— Хашм нагир, Маликуррум! Ин кори ҷоҳилон бошад. Ман бояд ин ҳарфҳоро ба ту гўям. Агар ман нагўям, каси дигар нагўяд.
— Чаро маҳз ту?
— Зеро каси дигар аз ҷонаш, аз сараш битарсад. Ман, ки аз чизе бим надорам, бояд бигўям. Ин воми ман аст. Се кас тавонад ин чизро гуфтан: фарзанди асилу ҷонсўзи кишвар, пири хирад ва ҷонсер…
— Ва ҳар се ту бошӣ?
— Оре, ман ва султони мақдунӣ.
— Чун?
— Агар ин замон касе дар Мақдуниё тартумарт кард, Искандар низ ин ҳар се бошад.
«Оре!» тасдиқ кард дар андарун, вале асрор ҳувайдо накард.
Пурсид:
— Ай ҳаким, ҳама панду андарзатро гуфтӣ, ё боз монд?
— Ҳанўз чизе нагуфтамат. Чун шоҳ шинохтамат; вале чун лашкаркаш ба касе нашиносондамат.
— Бифармо!
— Ту донӣ, ки ҷанг чист?
Искандар баланд хандид, ки суоли кўдакона диҳад ҳаким. Ва ҳанўз аз ханда бознамонда гуфт: «Донам!» Ва аз он рўз то ин рўз чӣ набардҳо кард, пеши назар овард, вале ҷавоби саҳеҳ гуфта натавонист.
— Агар донӣ, чист ҷанг?
— Нангу номуси ватандорӣ.
— На! Ҷанг вабост. Реши саратон. Ва харобу нобуд сохтани ҳар он чӣ аз ҷониби Худо офарида шудааст.
— Пас бо Худо ҷанг кардан аст?
— Оре.
— Магар ҷангро Худо нафармояд, ҳаким?
— На. Худо оштӣ фармояд…
— На! Худо фармояд, ҳаким. Бар зидди бадиҳо, носозиҳо, истибдод ва нобаробариҳо худи Худо ҷанг фармояд.

пешина
аз 391
навбатӣ