Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Ай Маликуррум! Магар Арасту нагуфта, ки бемаънитарин чиз дар ҷаҳон ҷанг бувад?
— На, нагуфта.
— Ва бидон, ки кулли балои осмонӣ ва заминӣ ҳамроҳи ҷанг оянд.
— Чаро ҳаким ин маънӣ бо порсҳо нагуфт, то Мағрибро натозанд?
— Оне, ки ту мегўйӣ, ҳаким набуд. Ва агар буд, сухани ҳаким пеши чашмони хунгирифта, бар ивази зару зевар ва марзҷўйиҳо қадру қимате надошт.
— Чунин нуктаро, ки донӣ, чаро бо ман гўйӣ?
— Зеро ту шогирди Афлотуну Арасту ва кӣ будани Суқротро хуб донӣ; ба қадри сухан бирасӣ.
— Макр макун; дурўғ магўй… Ту бо чунин ҳарфҳо мехоҳӣ маро аз роҳ боздорӣ, то ман қасос нагирам; то сарзамини Порс барҷо бимонад; ҳаким кушта нагардад.
— Арз кардам, ки ҳаким аз сари хеш натарсад; аз сари ҳамватанонаш тарсад… Зеро ҳар вайронӣ ё хароботе, ки аз рўйи қасду қасос ва кина шавад, аз мулк нишоне намонад. Чун аз кишвару диёр нишоне боқӣ намонад, ҳакиму донишмандон низ ҳамроҳи ватан нобуд гарданд ва бенишон шаванд. Ва агар хирадманде, алломае ватани хеш ҳимоя карда натавонад, бадномист. Дар таърих бадтар аз бадномӣ саҳифае набошад.
— Агар Искандар ҳакими пандгўро сар гирад, бадном шавад?
— На. Фармудаи Худованд бувад. Искандар Писари Худост ва Писар бе рухсати Падар накунад коре. Агар писари сипос бошад.
Вагар на, душмани Худо бошад.
— Ай ҳаким, чаро ин қадр гўшонаву киноя гўйӣ бо ман?
— Кинояву гўшона гуфтан пешаи ман набошад. Агар гўям, рўшод бигўям. Зеро вайронкорӣ шуғлу вазифаи ҳакимон набувад.
— Ва ин, ки гуфтӣ, киноя нест? Агар «вайронкорӣ» вазифаи ҳакимон нест, пас вазифаи кист?
— Вазифаи онҳоест, ки бо Худо биҷанганд.
— Боз неш бо ман занӣ?
— На. Ман донам, ки писар ҷанг накунад бо Падар.
Ин бор Искандар кинояи ҳакимро пай набурд. Зеро ў дар ҳайрат монда буд, ки чаро ҳаким сахт гўяд, вале миҷааш хам нахўрад. Ва ғазаб кард шоҳ:
— Шумо барбарҳои машриқиро бо усули худатон пўст бояд канд!
Асбоби ғазаби Искандарро дарнаёфт ҳаким. Китфон дарҳам кашид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо