Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ин чӣ сухан аст, ки гуфтӣ? Магар Мақдуниё барбар надорад? Магар нахустнабарди шоҳзода бо барбарҳои шимоли Мақдуниё набуд? Магар порсиён фарҳанги порсро ба Мақдуниё набурданд?
— Чаро ту бо ман ҳамзабонӣ кунӣ?!
— Ҳамзабонӣ на! Посухест шоҳро! Ва чун ватандор пурсон шавам шоҳро, ки чӣ ҳоҷате пеши барбарҳо овард Искандарро?
— Ононро бояд ром кард ва маданият омўхт.
— Аз мост, ки бар мост. Замоне порсҳо мақдуниёнро фарҳангу фаросат омўхтанд; инак мақдуниён порсиёнро маданият меомўзанд. Косаи давр!
— Порс ҳеҷ гоҳ мақдуниёнро маданият наомўхта буд, балки чун барбарҳои нодида ба он мулк тохт овард ва чун сайёҳони дидаву шунида баргашт. Ва ҳар чӣ ободонӣ шуд, баъди он шуд.
— Магар аҳроми Миср, маъбади Аммон «баъди он шуд?»
— Гуфтам, ки гадоро ҳамзабонӣ нашояд бо шоҳ!
Псаммони ҳаким лаб фурў баст; раги гарданаш шах шуд, ки баҳс кунад бо шоҳ. Ба танг омад ва пиндошт, ки ин бор яқин лаҳзаи вопасини умраш бувад; ҳолиё шамшер сари ў бипарронад.
Хуб аст; хубтар аст аз таънаҳои шоҳи марзҷў.
— Ё Искандар! Агар мурод қасду қасос ситонидан бувад, сари маро бигир ва баргард ва ободон бикун Мақдуниёро!
— Ин чӣ амрест, ки бо шоҳ кунӣ?
— Амр на, хоҳиш; зорӣ; тавалло! Магар надонӣ, ки баъди сари ту Мақдуниё хароб гардад. Ҳоло ки ту ин ҷо ҳастӣ, волии гумоштаат Антипатр бо чандинҳо созиш карда, то Мақдуниё аз они Искандар набошад.
— Агар чунин пешгўйиҳо дорӣ ва пешомадро донӣ, чаро андар маъбади Аммон нанишинӣ? – ҳазён пиндошта гуфтори ҳакимро чунин кинояомез фармуд Искандар.
— Чун? Ман, ки будам андар маъбади Аммон ва писари Худоро посух гуфтам.
— Он, ки «Искандар ҷаҳонгир шавад» гуфт, ту будӣ?
— На. Он, ки Олимпиадаро аз маломат раҳонд…
Искандар оне орому хомўш монд ва донист, ки косаи холӣ дорад дар даст. Ба худ омад ва дарёфт, ки базм идома дорад.
Ҳакими саркашу якрав барангехташ. Биталомуси ҷондор дуртар аз шоҳ ҳама чизро мушоҳида дошт. Баробари ҷом ба кафи дасти чап задани Искандар пеш омад ва косаи зарин бирабуд. Ва пурмай бозовард: майи юнонӣ. Ҷоме ҳакимро низ. Вале ҳаким ҷоми саршорро нагирифт, балки таъзим кард. Чунин рафтори ҳаким Искандарро хуш наомад ва шўрид:
— Ба баҳои чӣ сари ҳакимро бигирам?
— Ба баҳои Шарқ! Искандар баланд хандид.
— … ба баҳои Мақдуниё!

пешина
аз 391
навбатӣ