Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Искандар аз ханда бозмонд ва сар пеш оварда ҷиддӣ ба чашмони ҳаким нигарист, ки паст зад Мақдунияро.
— … ба баҳои сари шоҳ Искандар! – ҷону танро аз даст рафта пиндошта бонг зад ҳаким.
— Сари Искандар баҳо надорад… – дандон ба дандон монда гуфт Искандар.
— Сари ҳаким Псаммон низ! – гўйӣ ду хурўси ҷангӣ фушу тоҷ дамонда сар пеш оварда буданд ва ҳаким ба оҳанги сухани шоҳ гуфт: – Муродам ин аст, ки сари маро бигирӣ ва аз роҳат бозгардӣ, то сарҳои дигар дар амон бошад ва мулк ободон…
— На-а-а… Ман ба сари ту чунин баҳо нагузорам!… Ва нагирам! Сарату равғанат… Бирав!!!

БАНДИ ҲАШТУМ

Ин шом шоҳ Искандар ҳамчун инсон андар шабистони султонӣ хуфта буд. На шоҳ, на Писари Худо, на мири сипоҳ, балки як шавҳаре буд ва падаре. Гераклро миёна гирифта буд бо Барзин.
Ва ҳарду зодагон тори сари писарро ҳалқа гардида медоштанд якдигарро. Геракли лўлаки баробари падар роҳи биёбон паймуда хаставу шалпар хусбида буд низ ду даст сўйи сар кашида. Искандар ва Барзин андеша доштанд. Шоҳ ҳикматҳои кинояомези ҳакимро, рафтору гуфтори ўро; сарбаландиашро, нописандиашро, ҷуръату ҷасорати ўро пеши назар меовард ва хулоса мекард, ки ҳама мардони Порс чунин бошанд, мурғи бегона дар фазои кишвари эшон бол кушода натавонад. Рўшан аст, ки ҳаким аз омадани ў шод нест. Ҳанўз ўро шоҳаншоҳ ё писари Худо надонистаанд. Чунин хўву хислати ҳаким азоб диҳад Искандарро… Вонамуд намекунад, то Барзин огоҳ нагардад… Барзин низ андеша дорад, ки ин ҳама ҷангу ҷидоли дилбазан чӣ маънӣ дорад. Наход нўҳ моҳу нўҳ рўзу нўҳ соат баробари дилу ҷигар писарро дар андарунаш нигаҳ дорад, ки пархошҷў, одамкуш ва хунхор ба дунё ояд?
Ва беихтиёр дасти чапи модар ба гардану гулўи лўлак рафт; беҳушона пахш кард. Искандари зирак дид ин ҳолро ва зад дасти Барзинро. Барзин як қад парид ва тарсид. Ба худ омад. Тифли хуфтаро бардошт; пахш кард ба сари сина ва гирист.
— Чаро чунин кардӣ?
Посух надод ба пурси Искандар, баландтар гирист.
— Чаро чунин кардӣ? Куштанӣ будӣ?
Сар ҷунбонд Барзин ба тасдиқ.
— А? Чаро?
— Агар аз гуноҳам гузарӣ, гўям.
— Бигўй!
— На-а… Бигўй, ки аз гуноҳат гузаштам.

пешина
аз 391
навбатӣ