Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ў низ Шўрои низомиён даъват кард.
Искандар аввалин бор чун лашкаркаш, чун шоҳ, чун файласуф суханронӣ кард: аз гузаштаву имрўзаи Мақдуниёву Юнон, аз фардони фарзонаи он, аз пирўзии лашкаркашон, ҷанговарон, қаҳрамонон ва мардони барўманду нерўманд… Муҳимтар аз ҳама барояш он буд, ки таъхир накунад ба ҷанги зидди Порс… Баҳру бар, кўҳу даман, талу теппа ва бешаву марғзорҳоро паймуда то ағбае расид. Ва ин ҷо бо душман дучор омад. Шоҳи шабрав чун одати дерина шабохун зад бар душману дидбони ў. Дидбонони порсӣ ба ҳамлаи ногаҳонии Искандар тоб наоварда, пушт ба душман гардониданд. Сарону сарбозони мақдунӣ ҳайрон монданд ва Искандар бовар намекард ба чашмони хеш, ки бо он овозаву дарвоза, ки Доро ҳозирӣ ба ҷанг дида, чунин гурез кунад. Дунбола гирифтанд душманро ва ба Тавр расиданд.
Искандар сахт мариз шуд. Табларза гирифт ва сахт сурфид.
Табиби хонадони онон Филипп муоина кард, ки вақти дар оби Канд обтанӣ карданаш сармо бардошта ўро. Вале ба чашми ў беморӣ наметофт. Орзуи ҷаҳонгирӣ ва зари Порс пеш ва муҳимтар аз ҳама буд; ҳатто аз сиҳҳатӣ. Искандар чун донист, ки Доро аз Бобул ба Шом ҳаракат дорад, Пармониёни номдор ва сарлашкари ба хонадони Файлақус вафодорро фармуд, то бо лашкари понздаҳҳазора он ҷо биравад ва душманро аз роҳ боздорад.
Пармониён Йусусу Миркандро миёнбур гузашта то ағбаи Байлан расид ва садди роҳи сипоҳи Доро шуд. Вале чун аз роҳи дигари кўҳи Аммон огоҳӣ надошт, ғофил монд; сипоҳи Доро бо ҳамин роҳ ба Шом даромад…
Искандар гардунасавор мерафт. Гоҳе дам мегирифту нафас рост мекард; гоҳе ба маризии хеш нигоҳ накарда роҳ мепаймуд, то ба макони мурод зудтар бирасад.
Чун маризии ўро ҳар ранг маънидод ва тахмин мекарданд; яке хубӣ ва дигаре бадӣ мехостанд шоҳро, оварданд, ки зани ў Барзин ҷаъбае дорад ва онро аз назари ҳамагон пинҳон медорад.
Аҷаб набувад, ки андаруни он ҷаъба заҳри ҳалоҳил бошад. Искандар аввал дар ҳайрат монд; чун дер андешид, ононро посух дод: «Заҳрро дар ҷаъба нагузоранд». Ба д-ў гуфтанд: «Агар дар ҷаъба заҳр нест, чаро пинҳон дорад? Ва касеро нанамояд? Ҳатто шабҳо пеши нури чароғ ҷаъбаро накушояд. Фақат ҳангоме ки моҳтоб бар хаймаи ў тобад, ҷаъбаро кушояд ва даруни онро аз назар гузаронад. Ва инро онҳое дидаанд, ки ба хаймаи ў сар халонидаанд…»
Искандар, ки асбоби маризии худ намедонист, занн ба Барзин бурд, вале намедонист ин чизро бо чӣ роҳ аз зан пурсад. Зеро шавҳар, ҳатто шоҳон, ки бо зану фарзанд унс мегиранд, то андозае сахтгўйиро бар эшон раво набинанд. Аз ин рў Искандар намехост ин зани оқила, бофаросат, доно ва ҳатто волотар аз гетерҳоро яксару якбора биранҷонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо