Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ва он шаб, ки ба фароғат буданд ва пардасароро хубтарин ҷой медонистанд ва Барзин аз боби бемории шавҳар асбоб меҷуст, Искандар чун аз бом тароша, пурсид:
— Барзин, оё рост аст, ки заҳре дорӣ ва дар ҷаъбае пинҳон медорӣ?
Барзин аз шунидани чунин пурс шармид ва гулгун шуд. Искандар чун рўйи гулгуни ў бидид, гумонаш афзуд ва майли дидани ҷаъбаро кард: «Бинамо!»
Барзин гуфт: «Душманон шуморо дурўғ гуфтаанд. Онҳо меҳрубониҳои моро чашми дидан надоранд; бавижа гетерҳои шумо.
Шояд онҳо оварда ин дурўғро?»
— Ҳоло ин чиз аҳамият надорад, Барзин. Ман бояд он ҷаъбаву он заҳрро бубинам.
— Дар ҷаъба заҳр набувад, балки бадтар аз ҳалоҳил.
— Бадтар аз ҳалоҳил чӣ шавад? – ҳайрати Искандар афзуд ва нимхез шуд сари ҷогаҳ.
— Ишқи моро бадтар аз заҳр бувад, вагарна он худ чизе набувад.
— Ба ҳар сурат ман бояд он ҷаъбаро бубинам.
1 Барзин ноилоҷ аз бистар бархест ва аз чахмох ҷаъбаеро бурун овард ва пеши чашми Искандар кушод. Искандар сар наздик овард ва зери нури шамъ бозубандеро дид дар сурати мор. Хеле мунаққаш ва бо зару зевар ороста. Искандар ҳайратзада онро бардошт, ки на заҳр, балки соҳиби заҳр аст. Шоҳ ниҳоят тамошо кард онро пушту паҳлў гардонида:
«Заҳр занад?»
Барзин посух надод, балки бозуи бараҳнаи симини хешро пеш ёзид, то бар бозуяш бипечонад. Бозубанд дар шакли мори мунаққаш ва муҷалло бар бозуи зан сурат гирифт. Ва Искандар зери шиками мор ҳангоми печонидан набиштаеро бидид, ки нохоно буд ўро. Аз ин рў зуд печро кушод ва бар он набишта нигарист:
— Ин чӣ хату чӣ ҳарф бувад?
— Хати паҳлавист, – посух дод Барзин ва хомўш монд. Искандар боз пурсид: «Чӣ ҳарф аст?»
— Ман намехостам, ки шумо ин ҳарфро бидонед, аз ин рў ин ҷаъбарову ин морро пинҳон медоштам.
— Аз чӣ рў?
— Намехостам миёни ишқи мо сардӣ биафтад.
— Бигўй! Миёни ишқи мо ҳеҷ гоҳ сардӣ наафтад.
— Ин ҷо номи шавҳари нахустини ман навишта: «Ментор.»
- Халтачае барои нигоҳ доштани аскарон асбобҳои ороишӣ: оина, шона, теғи риштарошӣ… аз шавҳараш монда.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо