Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ва ҳар ду хомўш монданд; ҳар кадом аз назару фаҳмиши хеш андеша доштанд. Ва Искандар, ки аз овардаи душманон дербоз асрор нуҳуфта медошт, натавонист дертар хомўш бимонад:
— Сабаби пинҳон доштани ин «мор» чӣ буд?
— Ҳамин ном. Агар ман ин тилисмро ба шумо нишон медодам, гумон мекардед, ҳанўз ҳам ошиқи шавҳари аввали худ ҳастам.
— Ҳақиқат чунин нест?
— Ҳақиқат чунин нест! Ман танҳо аз рўйи инсоф ва ҳақшиносӣ ёди ўро мекунам. Зеро ў ба аҷали худ намурда; куштандаш. Шоҳ ҳар навъе гумон кунанд, рой эшонрост.
Искандар хомўш монд ва баргашта бар бистар дароз хобид, ки саҳнаи гумонҳо ва пиндорҳо анҷом пазируфта бошанд. Вале зиддияти ботинии шоҳ нав оғоз ёфт. Искандарро равшан гашт, ки ҳанўз Барзин аз қайду банди муҳаббати шавҳари аввал раҳо наёфта; ҳатто аз дасти мақдуниён кушта шудани ўро таъкид кард.
Шоҳ Искандар он қадар хаёлу тафаккур кард, ки ҷанг аз ёдаш рафт; дар тўли сафар нахустлаҳзае буд, ки ҷангро аз ёди ў бурд.
Рашк пайдо гашт: «Равшан, ки хаёлан ба ман хиёнат кунад».
Барзин дерёз ба андеша рафтани шавҳарро дида, ҳар гуна хаёлҳо аз мағзи сар гузаронд ва «мор» бар бозўи Искандар печонд: «Бозўи шуморо зебад».
— На. Туро зебад. Ёдгор аз шавҳари нахуст.
Киноя пиндошт Барзин ва «мор» бозпас кашид. Искандарро ларза гирифт. Болопўш ба сар кашид. Ба назари Барзин, шоҳ худро аз тану чашми зан дур гирифтан мехост.
Баҳори соли се саду сиву яки пеш аз милод. Искандар андар Шом маҷлиси мушовара орост ва аз сарону сипаҳбадон ва донишмандон дархост кард, ки ақидаву диди хешро дар хусуси ҷониби Машриқ рафтан ва ё нарафтани лашкар бигўянд. Афкори мухталиф шуд. Яке аз муаллимони Искандар Лисимах фармуд: «Ё Искандар, замине, ки то имрўз ишғол кардайӣ, қариб даҳ баробари хоки Мақдуниёст. Ин манотиқ хурд нест… Агар мо ҷилавтар биравем, пайдо набувад, ки ба куҷо расем. Он ҷое ки меравем, ҷони зинда дорад ё на; обу ҳавояш аъзои моро мувофиқ ояд ё на…»
— Бас! Ман нафармудаам, ки аз нодонии хеш бигўед; гуфтам, ки аз донистаатон гўед! Магар Бобул дар сари роҳи мо нест?!
Магар Бобул ҷони зинда надорад? Магар Дориюш он ҷо лашкар ғун наоварда? Магар номаи шоҳи Эрон аз он ҷо наёмад?… Ин чӣ ҳазён аст, ки мегўйӣ?
Чун Искандар ҳамагонро ба ройсозӣ хонда буд, баъди сухани Лисимахро буридани ў касе ҷуръати гуфтан накард. Искандар ҳамаро хапу хомўш дида афзуд: «Ёд доред, ки ман ба номаи ў чӣ посух додам? Дар разми Йусус худоён мадад карданд, ки ман пирўз гардам; дар сурате, ки шумо хоҳони сулҳ ҳастед, худ биёед ва дархости сулҳ намоед; шарт ин аст, ки маро ба шаҳриёрии Осиё бишиносед…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо