Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ва Искандари дурбину дурандеш дар чунин ҳолат ба нерўи пурзўри артиши ҳарбӣ қаноат накард. Баъди фармони ў, ки бандарҳоро муҳосира карда, бурҷҳои тўпро омода сохта буданд, нашитобид ба ҷанг. Шитоб кори шайтон бувад. Шоҳи мақдунӣ фармуд аз мамолики мутеъ устоҳо ва ҳунармандонро гирд оваранд, то амаду бурҷу мошинҳои ҷангиву деворшикан бисозанд ва муҷаҳҳаз гардонанд. Ҳамчунон шуд.
Искандар бо сохтмони роҳи дамма, бардоштани бурҷҳо ва муҳайё сохтани амаду манҷаниқҳо диққати тириёнро ба ин ҷониб кашид ва онон бар бурҷу бораҳо нишастанд, андар дидгоҳу тирандозҳо омода ба ҷанги Искандар шуданд ва ба вайронкориҳои андак – сўхтану шикастани киштиҳо ва роҳу даммаи навсохти душман қаноат карданд; ноогоҳ монданд аз қувваи бузург фаро овардани шоҳи мақдунӣ. Дилпур буданд бар он, ки аз рўзи бино шудани шаҳри Тир то кунун касе ин қалъаи сахтбунёдро бо зўрӣ аз дасти онон нагирифта ва минбаъд ҳам натавонад гирифтан. Вале чун донистанд, ки сохтмони роҳи дамма наздик омада ва мақдуниён Тирро аз чаҳор самт муҳосира карда, пурташвиш шуданд ва ба кашидани девори дуввуми гирди шаҳр пардохтанд, ки душман девори берунро шиканад, девори дарун мемонад. Сахт тайёр шуданд, вале нерўи душманро саҳл донистанд. Ҷавонмардони чобуки тирӣ бо сафинаҳои сабуку тезгард бел зада, ба киштиҳои душман наздик омада, таноби лангари онҳоро бурида ба дарё меафканданд ва агар бо киштиҳо наздик омада натавонанд, шиноварони моҳиру обдон теғ зери дандон так-таки об омада танобҳои лангарро бурида, азобу ташвиши мақдуниёнро зиёд мегардониданд… Як тирии теғ зери дандон ба киштие наздик омад ва теғ аз даҳон гирифта танобро нимбур карда буд, ки ду судонӣ аз киштӣ худро ба об андохтанд, то ўро дастгир кунанд.
Тирӣ чун моҳӣ чунон ба об фурў рафт, ки судониён ҷуз ҳубоб чизеро надиданд, вале паҳлўи киштии дигар тириеро доштанд ва корди зери дандон чаппа доштаро роста гардонда чун лос пас кашиданд, ки пўсти дарахт метарошида бошанд. Теғи тез камарчаи даҳони ўро бурида то ҷоғ дуним кард. Ва онон дукаса ҷоғи пасу болоро дошта ба ду тараф кашида ҷудо карда ва гарданро низ ду бурида то китф фароварданд… Мурдаашро сари найза бардошта бар киштие устувор карданд, то тириён панд гиранд. Вале тириёни ватанпараст аз марг бим надоштанд. Таноби лангарҳоро бо ҳар роҳ мебуриданд… Чун мақдуниён диданд, ки тириён даст аз таноббурӣ бознамедоранд, таноби лангарҳоро аз занҷир карданд.
Тириён ночор монданд аз ин кор. Вале идома медоданд ҷустуҷўро. Боре ғаввоси тирӣ занҷир шикастан мехост. Мақдуниён бар ў чанг андохтанд. Чун кашиданд, чанг аз миёни пойи тирӣ омад.
Бардоштанд. Мақдуниён шод буданд, ки ўро зинда мегиранд ва роҳу рахнаи даромад мепурсанд. Вале чун чанг тухми ўро пора карда буд, шиновар то тори киштӣ зинда наомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё