Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Бозпас ба дарё андохтандаш.
Сахт буд ҳимояи тириён ва сахттар омодагии Искандар.
Тириён донистанд, ки дар ҷанги рўёрў бо мақдуниёни корзордида ва юнониёни ботаҷриба тоб овардан душвор аст, роҳи халосӣ ҷустанд ва барои гум накардани шаҷараву тухма зану кўдакон ба мустамликаи хеш Карфаген фиристоданд. Пасон ба айёрӣ даст заданд. Чун таноббурӣ фош шуд ва киштибонҳо илоҷи кор ёфтанд, тириён сангҳо андохтанд ба дарё, то гирдогирди ҷазира санг бихобад ва киштиҳо натавонанд наздик омадан ба канораи ҷазира. Ин ниятро низ мақдуниён пай бурданд ва бо ҳалқаву бофтаҳои танобӣ сангҳоро бардошта байни дарё андохтанд ва баъдтар ба сарашон зад, ки тириён ба марги хеш кунанд ин корро, чунон ки дарахт барои маҳви хеш ба табар даста диҳад.
Онҳо сангҳоро аз канори баҳр бардошта ҳам ба дамма истифода бурданд ва ҳам захира карданд барои манҷаниқ андохтан ва аз арродаҳо паррондан. Чун ин ҳунари тириён низ бебарор омад, роҳҳои дигари қасосу интиқомро ихтироъ карданд: чангаку шаст меандохтанд ба кўшку амаду киштиҳо чун моҳидорон, то посбону тирандозу нохудоёнро кашида гиранд чун моҳӣ; ба сони харчанг.
Ба нўки ходаҳои дароз чангак устувор карда сахт мезаданд ба тану сари онон ва аз киштиву заврақу амадҳо кашида мегирифтанд душманонро. Аз ҳар имкон истифода карда ба сари адўвон оби ҷўшон, равғани сўзон ва машъали фурўзон меандохтанд; реги тафсон мерехтанд, тирборон мекарданд.
Чунон буд, ки Искандар ноилоҷ монд ва боз сарони ҳарбу бузургону пирони корро ҷамъ овард ва фармуд: «Муҳосираи Тир тўлонӣ шуд ва дер кашид. Нақшаҳои мо амалӣ нагаштанд. Агар кор чунин бувад, мо на танҳо Мисрро, балки худи ҳамин Тирро натавонем гирифтан. Дорои маккор дар ин муддат қувва фаро хоҳад овард ва кори мо душвор хоҳад шуд…»
Ҳама гўшу ҳуш буданд; шоҳ ҳар чӣ гўяд, он шавад. Ва шоҳ аз ҳозирин маслиҳат пурсид: «Чӣ бояд кард?»
Ва Аминта бе ҳеҷ фикру андеша посух гуфт:
— Ҷангро қатъ бояд кард!
— Чаро? – исботи сухани ўро мехост Искандар.
— Зеро Тир Порс набошад; ду дигар аз паси Дориюш бояд рафт. Набояд ба ў имкон дод, ки нерў фаро орад…
Искандар дарёфт, ки Аминта гуфтаҳои худи ўро такрор мекунад, ғараз ин аст, ки ба шоҳ хуш ояд. Вале суханони ў ба дигарон хуш наомад, ки ғалмағал шуд. Ҳама ба ҷунбиш омаданд.
Биталомуси мисрӣ бархост:
— На-а! Ҳайф аст, агар сипоҳи Искандар аз Тир мағлуб баргардад. Дориюши тарсу дур нахоҳад гурехт. Гурги даҳанолуда луқма дар ин манзил гўр карда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё