Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Дориюш бо ман сулҳ хоҳад. Ва модару зану фарзандашро талаб дорад. Вале чун мақдуниёну юнониён бо ман ҳастанд, аз роҳам бар нахоҳам гашт!»
Искандари якрав ва ба ақидаи хеш устувор сипоҳ сўйи Даҷла мебурд. Вале баъди он ки аз шати Фурот гузашт; ба ҷойи он ки сўйи рўди Даҷла биравад, лашкарро сўйи шимоли шарқӣ роҳ намуд. Онҳо ба ҷое расиданд, ки ранги замин қирмизӣ буд ва баъдтар хинг гашт. Сўйи кўҳистон мерафт ва баъди роҳпаймоиҳои зиёд ба Шарқ майл кард. Аз болои кўҳҳои баланд зер омаданд. Ба минтақае расиданд, ки сард буд ва ҷўйҳои оби равон дошт. Миёни сарбозони кўҳнаву нав сўҳбатҳо мешуд тўли роҳ. Сарбозони нав, ки аз баландии кўҳҳо ва ҷойҳои зебо дар ҳайрат монда даҳон воз медоштанд, афсару сарбозони собиқадор рўҳ гирифта, завқ бурда доноии хешро зоҳир мекарданд: «Ин кўҳҳое, ки мебинед, кўҳи Қоф ном дорад ва он дашт, ки дар тарафи Машриқ воқест, моварои кўҳи Қоф аст… ва охири дунё он ҷост.» Ва сарбозони нав ба донишмандии сарбозони кўҳна қоил гашта, то андозае итоаткор мешуданд.
Баъди он ба фарохное расиданд; рўди азиме пеш омад. Оби хинг дошт он рўд. Рўд рўди Даҷла буд. Сипоҳи Искандар аз Даҷла убур кард, вале лашкари Дороро дучор наомад. Чизе пеш омад, ки боиси таваҷҷўҳ ва тааҷҷуби ҳамагон шуд: гоҳе ки аз Даҷла убур мекарданд, моҳ гирифт. Дар лашкари Искандар ҳар тоифа касон буданд ва гирифти моҳро ба таври хеш шарҳу эзоҳ медоданд. Сарбозони хурофиву мавҳумпарасти финиқӣ гуфтанд: «Мо ба сарзамини Бонуи Зулмот наздик шудем» ва онҳо ин Бонуро фармонравои Наҳрайн медонистанд; яъне, аз шати Фурот то рўди Даҷла ҳукмрон буд. Чун финиқиҳо диққату таваҷҷўҳи сарбозони дигарро диданд, афзуданд: «Ин Бону бар се чизи дигар ҳам ҳукумат мекунад: бар Осмон, бар Замин ва ба дунёи зеризаминӣ
– Зулмот.»
1 Сипас ба Ҷануб рафтанд ва ба як дашти пур аз моса расиданд. Мосаҳое буданд аз мадду ҷазри рўди Даҷла боқӣ монда.
Баъди он ба минтақае расиданд, ки ғажговҳои зиёде дошт. Пода баробари дидани лашкари Искандар худро ба шохоби рўде зад, ки аз ду соҳил роҳи баромад надошт. Говҳо худро аз баландӣ ба об меандохтанд ва аз он соҳил баромада натавониста баъзе дар адири тару лағжон чаппа гашта, дам карда, зери пойи дигар говон монда, нобуд мешуданд ва ё пас гашта ба рўд мерафтанд; бархе гирифтори даҳони азиму дандонҳои тези тимсоҳҳо мегаштанд.
Тимсоҳҳои ба ин луқма одаткарда гов мурда ё намурда аз пояш медоштанд ва худро андаруни об ғел мегардониданд. Баъди чанд
- Моса – регу сангреза.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо