Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

бор ғел гаштани тимсоҳи азим рони гов аз тан ҷудо мешуд ва он ҷонвари пурзўр яклухт рону поро фурў мебурд.
Аз чунин манзара на танҳо сарбозони нав ба лашкар омада, ҳатто шоҳ гирифтори ҷанги нафс шуд ва як-як бузургони сипоҳро аз назар гузаронд, ки чӣ мефармуда бошанд. «Мубориза», «Нафс!», «Тавонгару нотавон чунин рўз дорад» мешунид паст-паст шоҳ ва худ ҳам ба андеша рафта буд, ки марг низ ҳар ранг мешавад.
Ҳанўз пойи говони бешумор аз ду соҳил канда нашуда бемадорон зери пойи зўрон мемурданд.
Боз сарбозони собиқадор барои диққати сарбозони навро аз тамошо кашидан ва аз чунин манзара таассуроти нохуб набардоштан фармуданд: «Замоне ин нарговҳо инсон буданд. Чун Бонуи Зулмот беодобиҳои ононро дид, говашон гардонд… Мо, ки беиҷозат ба ин сарзамин ворид шудем, низ ба шакли ин ҷонварон хоҳад даровард.» Ҳайрати сарбозони ҷавон афзуд. Беқарор гаштанд.
Ин замон пештозҳо, ки ҷилав рафта буданд, бозомаданд ва оварданд: «Мо ба шаҳре расидем, ки андар он чизҳои махуф ва булаҷаб вуҷуд доранд.»
Пурсиданд: «Он чизҳо чӣ буданд?»
Сарбозони талоя гуфтанд: «Шаҳреро дидем, ки дар ду тарафи дарвозаи он ҷонварони болдор буданд, вале сарашон чун сари инсон менамуд ва кулоҳашон чун кулоҳи бузургон.
— Оё он шаҳри Бонуи Зулмот буд?
— Мо надонистем чӣ ном дошт.
— Оё ҷонварони болдор ҳаракат мекарданд?
— На. Ҷонварони болдор ба назар мерасид, ки аз санг сохта шудаанд.
Аз ин гуфтугў Искандар огоҳ шуд ва камонро, ки раҳораҳ ба сангҳо ва танаи дарахтон тир мезад ва завқ мебурд, ба ҳамроҳе баргардонида, аз талоя пурсид: «Чӣ мегўед?» Онҳо хомўш монданд ва Искандар, ки ҳамаро шунида буд, гуфт: «Аз ҷонварони сангӣ бим надошта бошед, балки аз инсоне битарсед, ки дар бағал санг дорад!»
Чун ба он шаҳр ворид гаштанд, он ҷоро холӣ диданду беодам.
Фақат чанд сарбоз ва ҳашт-даҳ нафар хоҷасаро вуҷуд доштанд.
Шаҳри ошурҳо буда ин шаҳр, ки як осиёбгард об аз кўҳ ҷорӣ мешуд ва канораш сабзу хуррам буд. Сарбозон тори кўҳ баромаданд. Тори теппакўҳе пайкари инсоне бузург дар санг нақш баста.
Донишмандон онро ҳайкали рамзии шоҳони ошурӣ донистанд.
Ва баъди ин ҳама вақте аз канори кўҳ убур мекарданд, чашми онон ба ҷое афтид, ки анбўҳи саворнизоме ҳаракат дошт. Зиёд мушоҳида карданд ва ҳаракат қатъ. Искандар дастае аз гурди хосаи хеш ҷудо кард: «Биравед ва бидонед, онҳо кӣ ҳастанд ва чӣ мехоҳанд?»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо