Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Фиристодагон рафтанд ва муддати зиёде нагузашта оварданд:
«Онҳо қисмате аз нерўи Дориюш ҳастанд; қисмати бузурги сипоҳи ў аз пас меояд. Ба қавли мардуми маҳаллӣ шумораи саворон беш аз пиёдагон.»
Искандар аз шумораи бесоҳиби сипоҳи эронӣ дар аҷаб афтод ва тарс дар вуҷудаш дамид. Чунин ҳолат дар тани ҳар сипоҳию сипаҳбад низ ба вуҷуд омад. Бавижа Искандар, ки ҳамроҳи сарбозонаш аз баландӣ ба майдон назар карда, анбўҳи бешумори душманро медид, дар пўсташ мурғак дамид.
Лашкаркаши эҳтиёткор чун ҳамеша шитоб накард, балки амр кард бозистанд; истироҳат кунанд, то хастагиву кўфти роҳ аз танашон рафъ гардад. Лашкар дар баландӣ маъво гирифт. Аз омадани эшон сипоҳи эронӣ ва Доро воқиф гаштанд. Искандар ҳамлаи эрониёни сершуморро нигарон шуд. Ў зиёд мехост, ки лашкари Доро ҳамлавар гардад ва онон аз баландӣ зарбаашон зананд, зеро мавқеи ишғолкардаи мақдуниён хеле мувофиқ буд ҷангро. Вале чунин нашуд.
Шоҳи шабрав боз усул ва ҳилаву найранги лашкаркашии хешро ба кор бурд. Сарбозон то нимшаб истироҳат ва нафас рост карданд. В-он гоҳ Искандар фармуд ба роҳ дароянд. Миёни сабзаву алафҳои баланди баҳориро убур мекарданд. Чун кўҳистон буд, азоби зиёд кашида теғи офтоб наздики сипоҳи эронӣ шуданд.
Он мавзеъ Говгомол ном дошт ва қарияе ба чашм мерасид.
Сипоҳи мақдунӣ ва юнонӣ саф орост. Дар сафи пеш найзаварон синондорон ва гурди «Дўстон» буданд. Аз паси онҳо муҳандисон манҷаниқҳоро рост карданд. Дар пояи манҷаниқҳо санги зиёде фаро оварданд.
Он рўз овард нашуд. Адўвон рў ба рўйи якдигар ҳозирбош буданд ба ҷанг. Чун пардаи сиёҳи шаб ба сар афтод ва машъалҳои размгоҳи эрониён афрўхта гардид, сипоҳи Искандарро ваҳшату даҳшат фаро гирифт. Машъалҳо гўйӣ ба сони кавкабон рўйи як матоъи сиёҳи оламгир гулкорӣ шуда буданд; фузунии машъалҳо дарак аз сипоҳи эронӣ медод. Юнониён донистанд, ки ҷабҳаи эрониён чӣ вусъате дорад.
Сипаҳсолори корзордидаи юнонӣ Пармониён, ки ҷангро ҷанг намедонист ва шоҳ Искандар низ аз ў дилпур буд, дар паҳлўи Искандар чашм аз машъалзори бовусъат наканда пурсид:
— Чӣ бояд бикунем?
— Сипаҳсолор чӣ мефармояд? – низ чашм аз машъалистон наканда пурсид шоҳ.
Пармониён аз пурсаш пушаймон шуд ва надонист чӣ посух бидиҳад. Пойи рост ба замин соид ва гуфт:
— Дар муқобили ин сипоҳи бешумор нерўи азиме мебод.
— Нирўи азим ё интизом ва ҳунари олӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо