Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Боз аз чунин пурси Искандар мулзам монд ва мувофиқ омад бо фикри ў:
— Ҳам ину ҳам он.
— Мо чун рама ба чарогоҳ наравем…
— Беҳтар он ки ҳамлавар бишавем…
— Ҳамлавар? Дар чунин ҳолат? Сипаҳсолор пиндорад, ки онҳо хобанд? На! Онҳо тамоми шаб хоб нахоҳанд рафт. Агар онҳо хоб буданд, ғофилгир кардан имкон дошт. Вале ман нахоҳам чунин номардона овард бикунам; бахти ононро дуздам, айб аст маро.
Мо бояд ҷанги рўёрў бикунем.
Искандар гўё ба сўҳбат хотима гузошт; ҳар ду дуру дароз ба андеша рафтанд. Онҳо дар торикӣ чеҳраҳои гирифта ва гиреҳи абрўвони якдигарро намедиданд. Искандар андешаҳои хешро дар дилу мағз ҷой дода натавониста якбора хашм гирифт, мушт гиреҳ кард ва зери дандон Пармониёнро гуфт:
— Фардо масъалаи ҳаёту мамот ҳал хоҳад шуд.
— Бале, шоҳ, – тасдиқ кард сипаҳсолор, вале гуфта ва ё пурсида натавонист, ки ҳаёт киро ва мамот киро? Искандар идома дод андешаашро:
— Фардо тақдири Осиё ҳал хоҳад шуд. Маълум хоҳад гашт, ки фармонравои Осиё кӣ шавад? Мақдуниён ё эрониён?
Искандар дер хомўш истод, то аз сипаҳсолор чӣ ояд. Ў низ хомўш буд ва шоҳ афзуд:
— Ҳоло вақти истироҳат аст. Сарбозонро фармоед, бихобанд ва дам гиранд.
Ва ў ба хаймаи хурди хеш даромад. Хоб набуд дар чашмонаш ва дилаш ба танг омад. Ҳар замон бурун омаданӣ мешуд аз пардасарой, вале худдорӣ мекард; дам ба дарун мегирифт, то лаҳзае ғанаб бикунад; хоб гурехта буд. Сахт азоб дошт. Гоҳе чунин нашуда. Искандар то имрўз пирўз ва шодком буд, фардо чӣ шавад?
Андар ҳамвории Говгомол сипоҳи бешумори Дорои Саввум, ки аз тамоми қаламрави Порс ва кишварҳои ҳамсоя, инчунин юнониёни кироя фаро оварда буд, ҳозирбош ҳамлаи лашкари марзҷўйи Искандарро нигарон меистод. Сафарбарии умумии сипоҳи Эрон аз шати Фурот то рўди Даҷлаву Яксарт буд. Ва ҳама дар яке аз чаҳор пойтахти Эрон шаҳри Бобул гирду фаро омада буданд: ҳиндувон бо пилҳои ҷангӣ, бохтариён бо асбҳои зотиву шуҷоати хеш, суғдиён бо нангу номуси ватанпарастӣ ва саку скифҳо бо асбони тезтаки биёбонгард. Сатрапи Бохтар Бесус фармонравойӣ мекард сипоҳро. Камонварони чобуксавори сакҳоро Моваки шуҷоъ сардор буд. Дорои ғарра ба шумори сарбозон гумон дошт ба сари лашкари ҳамлавари мақдунӣ мерезанд чун мўру малах ва медаранд чунон ки мўрчагон пилро. Чунин андешаи хом ва таваккалии шоҳаншоҳ сатрапи Бохтар Бесусро ба танг оварда буд. Аз ин рў наметавонист Дороро маслиҳат надиҳад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо