Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бесуси офтобхўрдаи шербас дер мушоҳида кард рафтори шоҳро ва оқибат ўро танҳо дарёфта ба пардасаройи хушҷиҳозаш, ки бо қолиҳои сурх замин пўшида буданд, ворид гашт. Доро шоҳона нишаста; тоҷи мурассаъи шоҳаншоҳиро бо кулаҳхўди ҷангӣ бадал карда буд; ҷавшан пўшида, аз тори хўди фулузӣ зиреҳи гардангир кашида; шамшер дар миён ва камарбанд танг баста. Рону соидро низ соқпўшу соидпўш пинҳон медошт. Фарру шукўҳи шоҳӣ надошт; масхарабозеро мемонд, ки ба тақлиди кадом сипаҳсолори машҳур низомиёна либос пўшидааст ва нигарони кадом фармон аст. Баробари ворид гаштани Бесуси сипаҳсолор шоҳ ҷаста хест, вале чун сатрапи Бохтарро диду шинохт, андешаҳои берабтро фаромўш карда пурсид:
— Хўш, вазъ чӣ гуна?
— Вазъро шоҳ хубтар аз сатрап донанд…Андешае дорам, шоҳ, вале ҷуръати гуфтан надорам.
— Бигўй!
— Пўзиш аз шоҳ… Дар корзори Йусус хиёнате рафт…
— Чӣ гуна хиёнат?
— Хиёнати бардаҳои юнонӣ.
— Чун?
— Шумо вақти набард ба шуҷоату эҳсосот дода шуда будед ва гоҳи ба боли чапи артиш ҳамла овардани мақдуниён сарбозони кирояи юнонӣ ҷой холӣ карданд ва фавҷи Искандар ва гурди он дастболо гашта шуморо иҳота карданд. Вагарна шоҳи ҷаҳон дар он размгоҳ пирўз буданд…
Доро бодиққат суханони Бесусро гўш кард ва набарди Йусусро пеши назар овард, хотираш омад, ки чунин як холигоҳе пайдо шуда буд дар корзор. Ва хулосае набароварда пурсид:
— Чӣ бояд бикунем?
— Бояд аз баҳри сарбозони кирояи юнонӣ баромад…
— Ин чӣ андешаест, Бесус?
— Сарбозон бешуморанд, талотуме ба миён ояд ва ҷангиён худиву бегонаро фарқ карда натавонанд; хуб аст, ки аз баҳри онҳо бароем.
— Мо зари хазинаро барои онон сарф кардем ва онҳо бояд, ки хиёнат бикунанд?
— Шоҳи ҷаҳон, ман гумон надорам, ки дили сарбози кирояи юнонӣ чун дили сарбози эронӣ ба мулки Порс сўзад.
— Ман андешаи туро мефаҳмам, Бесус, вале ҳеҷ сарбоз мисли сарбози кирояи юнонӣ ҷангдида нест ва ончунон ки бояд ҷангида натавонад.
Чун сатрапи Бохтар донист, ки беҳуда бувад ҳарфаш, хомўш монд ва биандешид:
«Шояд шоҳ гумон кунад, ки ҷосусӣ дорам?» Лол буд, то аз Доро чӣ ояд. Шоҳи ҷангнодида хаёле аз зеҳн гузаронд, ки макре ҳаст.

пешина
аз 391
навбатӣ