Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зери партави шамъ қомати ялонаи Бесусро аз назар гузаронд ва бовар накард, ки ў ба суди шоҳ сухан гўяд.
— Чаро хомўш мондӣ, Бесус?
— Ман андешаамро гуфтам, шоҳ донанд.
— Чаро натавонистӣ, ки андешаатро пештар бигўйӣ?
— Раво надонистам, ба шоҳ ақл шуданро густохӣ ҳисобидам…
— Ҳоло ки душман дар ошёни мо оташ заданист ва имкони паҳлў гаштан кам аст, хиёнати сарбозони кирояи юнонӣ ёдат омад? Оё дар чунин фурсат аз баҳри ҷанги сарбозони кироя баромадан аз рўйи ақлу хирад аст?
— Аз рўйи ақлу хирад нест, вале ба гумони ман, дар ин хусус бояд биандешид.
— Бесус, ман тасуввур карда наметавонам, ки як боли уқобро шикаста чӣ гуна метавон ба фазо раҳо кард.
— Оре, шоҳ, уқоби тезчангу шикориеро бол бурида ба фазо раҳо кардану сўйи сайд раҳ намудан аз рўйи ақл нест, аммо калхоту лошахўронро ҳар ду бол бибуред, раво бошад.
— Чун аз қавлат намегардӣ, ин ҷо чизе ё асроре ҳаст, вале бигўй, ки чист?
— Ҷуз меҳри Ватан чизе нест, шоҳ. Ман дар ин боб камтар аз шумо андеша надорам ва дилам хун бандад. Агар дар ин ҷанг низ хиёнат шавад, Осиё аз даст хоҳад рафт…
— Ҳамин хел гумони бад ҳам дорӣ?
— Пўзиш мехоҳам, шоҳ, ин гумони бад нест, илоҷи воқеаро пеш аз вуқўъ бояд кард.
— На, Бесус, аз суханони ту бўйи дигар ояд. Дар ин ҷо ҷосусие ҳаст, ҷосусе ба ту чизе оварда ва ту нахоҳӣ он сирро ҳувайдо созӣ.
— Асроре нест, шоҳ, савганд ба номи Ҳурмузи бузург, асроре нест ва ман ҷосусеро надидаам, танҳо аз рўи гумон ва дарёфти хеш сухан мекунам ва агар суханони ман шоҳро писанд нест, пўзиш мехоҳам.
— Тир аз камон раста, чӣ гуна пўзиш бояд бишавад?
— Андешае буд, ки барои маслиҳат гуфтам, метавонистам нагўям. Чун шоҳро азизтар аз мардумаки чашм донам, зоҳир кардам, рой шоҳрост.
— Бале, рой шоҳрост, вақте ки танг омад, ҳама кор бар дўши шоҳ савор шавад; гоҳи осудагии шоҳ ўро ба базми шароб кашанд ва ёди ватан аз сарҳо равад. Ҳолиё ки гургон рамаро иҳота кардаанд, мо фасонагўйӣ кунем. – Доро чунон, ки шамшер аз наём кашанд, ҳаракат кард; садои пасти зиреҳи гардангираш баромад.
Бархест ва қад ба қомати Бесус баробар карда гуфт:

пешина
аз 391
навбатӣ