Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҷосустар аз ту касе набувад; вақте ки ватан дар хатар аст ва гургон арранҳоро дарронданианд, ту маро насиҳат гўйӣ, то аз баҳри ҷанговарони ҳақиқӣ бароям. Хиёнат аз ин зиёд шавад?!
Сатрапи Бохтар Бесус пушаймон гашт аз кардаи хеш. Гумон надошт, ки шоҳ тўҳмат ба хидмат кунад. Хатои худ донист ва хомўштар аз буми вайрона шуд, ки ҷуз чашмони воз чизе надошт:
на эҳсос, на андеша, на ҳаракат. Ҳанўз, ки шоҳ ўро наронда ва иҷозати рафт надода, дами пардасаройи чунин шоҳи тангназар истех аст.
— Пўзиш мехоҳам… Рухсат бидиҳед, то биравам.
Ва Бесус посухи Дороро нашунида, аз берун шарфаи пой омад ва садои «Биист!» гуфтани нигаҳбон. Ҳамзамон сарпос сар аз дари пардасарой хаста, рухсати шоҳро хост. Шоҳ сар ҷунбонд ва сарпос касеро овард бастадаст.
— Киро овардӣ?
— Юнониеро! Гўяд, шоҳро арзе дорам.
— Чӣ арзе дорӣ?, аз «меҳмон» пурсид Доро.
— Ман ҷабрдида ҳастам аз Искандар. Гурехтам аз сипоҳи ў, то шуморо пайк бидиҳам.
Гарчӣ якбора Искандарро ном гирифта, сабаб пеш овардани омада ба Доро хуш наомад, Пурсид:
— Чӣ пайке?
— Пайк он аст, ки ҷосусон нақшаи набарди шуморо оварданд ба Искандар. Ў ҳамаро донад: кадом фавҷ дар куҷо қарор дорад ва зўри ў чун аст ва амалиёти артиши эронӣ чӣ гуна.
— Кӣ бурда? – шўрид Доро.
— Ҷосусон ва пештозҳо.
— Пайдош бикунед! – ин дод худиҳоро буд, то ногузир иҷро шавад.
— Бояд шоҳи Порсро бигўям: ҷосусоне, ки аз ҷониби шумо сўйи Искандар мераванд, кам нестанд, – аз наъраи шоҳ рўҳ гирифта фармуд омада.
— Хуш фармудӣ, то ҳанўз касе маро чунин иттилоъ наёварда буд. Бигўй, ки Искандар чӣ нақша дорад?
— Искандари шабрав шабохун заданист ба ҷабҳаи шумо.
Доро ба сухани обшустаи ў бовар накард ва ба умқи чашмонаш нигарист:
— Чаро дурўғ гўйӣ?
— Дурўғ нагўям, шоҳ. Дўшина ҳамлавар шуданӣ буд. Ҷосусону пештозҳо артиши шуморо ҳозирбош ёфта, хабар ба Искандар бурданд. Шоҳи мақдунӣ амр кард, то сарбозону сардорон истироҳат кунанд. Чун шаби дигар эрониён осуда ва хотирҷамъ гарданд, онҳо

  1. Арран – меш.
пешина
аз 391
навбатӣ