Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

ҳуҷумовар шаванд… Дигар ин ки дишаб онҳо нигарон буданд, то лашкари Дориюш ҳуҷум оварад. Чун шумо ҳамла накардед, онҳо усул ва раванди ҷанги хешро дигар карданд.
— Яқин донӣ, ки кадом поси шаб ҳамлавар шаванд?
— Аз шунидам, субҳи козиб.
— Агар дурўғ гўйӣ, ҷангро монда туро пўст хоҳам канд!
— Амри шоҳ воҷиб бувад.
Андаке хомўш монданд. Доро дигар чизи пурсиданӣ надошт ва омада чашмдор буд, то ў боз чизе пурсад. Вале шоҳ сўҳбатро оддӣ кард:
— Боз чӣ гуфтаниҳо дорӣ?
— Гуфтанӣ зиёд, шоҳ… Ман намехоҳам дар чунин ҳолату айём шуморо ошуфтаву парешон созам.
— Бигўй! Ҳар чӣ дорӣ, ҳар чӣ донӣ, бигўй!
— Ногуфтанам беҳтар бувад. – Қасдан Дороро ангез медод ва олуғда мекард.
— Чаро? Он чист, ки ногуфтанат хубтар бошад? Мудҳиш аст?
Шум аст? Сангин аст? Заҳрогин аст?!
— Бадтар, шоҳи ҷаҳон!
— Чӣ гуна?!
— Аз шоҳ пўзиш мехоҳам; гуноҳи маро бубахшанд. Чун шумо нома ба Искандар фиристодед, модару зану фарзанд талаб кардед, онҳо шуморо номаи дурўғин фиристоданд. Статираро кайҳо нобуд карда буданд. Овоза шуд, ки зани Дорои Саввум сари фарзанд рафт.
Гўши Доро қуфл зад. Ў дигар ҳарфи омадаро намешунид. Ва тайёр ба амри бурдан гашта буд, ки берун ғалмағал шуд. Доро ба худ омада пиндошт ҷангро оташ доданд. Ишора кард, то омадаро бубаранд. Бурданд. Ва бо ў чӣ рух дод, Дороро маълум нагашт.
Дастаи дигар хабар овард, ки чанде аз пештозҳои Искандарро дастгир карданд. Вале Доро бо онон сўҳбат наорост. Фармуд, ба ихтиёри Бесус супоранд…
Бесус аз чунин лутфу марҳамати шоҳ шодон нагашт, балки масхара пиндошт. Ҷосусони наздаш овардаро нигаҳ накард; вонамуд, ки қазоват кардан кори ў набувад. Амр кард: «Раҳо кунед ҷосусро!» Аз чунин амри ғайричашмдошт сарпос ҳайратзада бимонд ва шоҳи Эрон Дороро пушту паноҳ дониста ба сатрапи Бохтар эътироз кард:
— Ай бохтарӣ, чаро амри подшоҳро беэътибор гирӣ?
— Ай бадрў, чун шоҳ ҷосусон ба ман супурда, амр марост, на турост!… Агар амру рой турост, бахшидамат ҷосусонро!
— Чун ватандор нестӣ, мисли ҷосусон ҳар чӣ хоҳӣ, бикунӣ!
— Ай рўсабии шўрангез! Агар ватандор туйӣ, амр ин аст, ки туро пўст кананд!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо