Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Сарпос пас-пас рафт ва миёни посбонони дигар ғайб зад. Бесус эътибор надод, ки куҷо бирафт.
Муддати зиёде нагузашта пайк омад, ки Бесусро шоҳ мехонад. Бесус дарёфт, ки сарпос аллакай нарезондаву начакконда хабар расонда шоҳро. Зуд нарафт. Машъалзори ҷабҳаи Эронро тамошо кард; ба д-он ҷониб – ба лашкаргоҳи Искандар низ нигарист, ки ҷо-ҷо машъалҳо фурўзон буданд; шояд қасдан чунин кам шамъу машъал афрўхта буданд, то эрониён пиндоранд, ки сипоҳи мақдуниён ночизанд. Туф бар замин кард андешаҳои ниҳонии хешро дар назар дошта: «Дасисаву ғаммозии Шарқ кам касонро ба мурод расонад; боқӣ ҳама харобӣ орад.» Омад ба пардасаройи шоҳ Доро.
— Чӣ кардӣ бо ҷосусон? – баробари ворид шудан ба саройи шоҳӣ пурсид Доро. Бесус чун сарфаҳм ба таги сухан рафт, гуфт:
— Ихтиёри эшон сарпосро додам.
— Сарпосро?
— Оре, шоҳ!
— Сарпос гўяд, ки раҳонидӣ ҷосусонро.
— Агар ў нараҳонида, ман нараҳонидаам. Агар ман раҳо карда будам, медонистам ба хотири чӣ раҳо карданро.
— Ба хотири чӣ?
— То донанд, ки шоҳи Эрон Дорои Кудумон одил аст, ҳатто душман ё ҷосусро накушад.
Доро ба андеша рафт, ки ин бохтарӣ рост гўяд ё барои фиреби ширин чунин суханҳо бофад.
— Пас чаро раҳо накардӣ?
— Ин корро шоҳ бояд бикунанд. Зеро гар ман чунин кардам, оҳанги бад гирифтӣ ва чунон ки шуморо оварданд; гўё ба рағми давлатдорӣ ва сипаҳсолории шумо ин корро кардаам. Чунин набошад. Ҳақиқат он аст, ки гуфтам: «Ин кори шоҳ аст; ўро зебанда…»
Шоҳ Доро ҷосусонро раҳо кард ва гуфт: «Искандарро бирасонед, ки шоҳаншоҳи Эрон барои одамкушӣ ва ғорат ҷанг накунад; ў размад барои ҳимояву дифои Ватан…»
Ҷосусон нигоҳ ба якдигар карданд ва бовар надоштанд ба рафтан.
Доро чун дар пардасарой танҳо монд, аламаш тозатар шуд; алами зиёд. Алами ватандорӣ як сў; алами хабари марги занаш Статира як сў. Боре гўшаш бод бурда буд, ки занаш мурда, вале чунин ки Искандар ўро кушта бошад, нашунида буд. Акнун донист, ки чаро шоҳи мақдунӣ дархости сулҳи ўро напазируфт. Доро Осиёи Хурд ва духтарашро ба ў ваъда карда буд. Искандар номаи ўро хонда хандид: «Шаҳриёри Эрон чизҳоеро ваъда кардааст, ки ман кайҳо соҳиб шудаам.» Искандар танҳо ба номаи шоҳи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо