Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Донам: ба ҷанги Доро равӣ. Ту ҳарос макун аз лашкари зиёди ў. Худо ёри туст. Пирўз гардӣ. Лекин нахуст меҳмони ман бош!
— Ин чӣ найранг аст?
— Найранг набувад, Искандар. Хоқони Чин ҳуҷҷат медиҳад ба сиҳҳатии сари ту.
Дудила шуд Искандар. Сар мешикаст; ба таги муаммо намерасид. Бонг зад. Ҳозир шуданд ду тан, Искандар карахт буд.
Чизе нафармуд он ду танро. Нигашт сўйи дарвеш, то чӣ фармояд.
Ҳамчунон ором ва сардхун буд дарвеши зард. Беҳуда медонист парешонии Искандарро:
— Чаро ҷаҳл кунӣ?
— Чаро найранг кунӣ?
— Гуфтам, ки найранг нест! Магар касе фирефта Худоро, ки пури ўро фиребад? Дар мулки мо аз нону намак болотар чизе нест.
Бовар накард Искандар, ки аз чӣ рў Худову Писари Худо ном гирад. Гумонаш, ҳиласоз Дорост. Искандар фармуд дарвешро дасту пой бастанд. Яке аз хидматгузорон ноаён нигини дасти дарвешро кашида гирифт… Дарвеш ба забон омад:
— Ман ба эҳтироми ту омадам. Носипосӣ аз барои чист? Магар нашнидайӣ овозаи лашкари Чинро? Яъҷуҷу Маъҷуҷ гўянд.
Зиёд аст аз мўру малах. Агар ҳуҷумовар шавад, нагунҷад дар кўҳу даман. Агар ёр гардад сипоҳи Дороро, ҳеҷ нерў пирўзӣ наёбад бар он.
Искандар фурў рафт ба дарёи андеша. Бифармуд Лисимахро.
Лисимах биомад. Искандар бозгуфт ҳамаро ба устод. Лисимах ангуштарии шоҳӣ бозхост. Дарвеш хомўшу ноилоҷ монд; нагуфт, ки сарбоз гирифт. Искандар дар шигифт афтод, ки чаро нигини дарвеш нест. Сиёсат кард бар ў: «Шумо шарқиён ҷодугариҳои зиёд доред! Оне пеш дар ангуштат нигин буд! Ҳолиё ку?»
Дарвеш ба забон омад:
— Лафз диҳед, ки баъди пайдо шудани ангуштарӣ касеро озор ё шиканҷа накунед, гўям.
— Лафзи одамӣ ҳалол, худаш ҳаром, – ба ҷойи Искандар фармуд устод.
— Сарбози сарлуч гирифт. Ба зўрӣ кашида гирифт; дастам нокор…
Сарбози сарлуч оҳанги гурез кард. Боздоштандаш.
— Сараш гиред!!! – фармуд Искандар тунд гашта.
— Лафз дода будед, ки… – ба ҳаяҷон омад дарвеш.
— Лисимах лафз дод, на ман!
— На! Сари маро гиред! Ў бегуноҳ аст! Гунаҳгор манам, ки назди шумо омадам; шуморо ба меҳмонӣ хондам!
— … Лекин қонун қонун бувад!

пешина
аз 391
навбатӣ