Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Мо низ қонун дорем: дуздро даст бурранд… Аммо ин ҷо чизи дигар бувад: он сарбоз пиндошт, ки ҷаллодони шумо маро кушанд ва нигин ба дасти кадом нохалаф афтад; аз ин рў нигинро осема гирифт, то шоҳро тақдим кунад. Чун шумо маро авф фармудед, сарбоз музтар монд, ки чӣ бикунад. Ў дузд на, ғамхор аст.
Ҳайрон монданд аз гузориши росту дурўғи дарвеш. Искандар нигашт сўйи устод. Лисимах мижгон ба ҳам баст…
Бахшиданд сарбозро ва ронданд.
Бикушоданд дасту пойи дарвеш; ангуштарӣ боздоданд.
Чун Лисимах ба одамияти дарвеш имон овард, мўҳри нигини ўро насанҷида, Искандарро фармуд ризоият ба меҳмонӣ диҳад.
— Фардо дар музофоти наздиктарини Чин Қошғар нигарон мешавам. Агар Искандар бо мо бовар надорад, бо лашкараш биёяд.
Фаро расид фардо. Искандар меҳмонӣ омад. Дар водии фарохи сабзу хуррам, рўйи марғ хони неъмат густурда буданд тўлонӣ.
Рўйи нозу нуқл пўшида буд бо дастархонҳои дигар, ранги минўйӣ доштанд, ки заминро сарпўш карда бошанд.
Хоқони Чин дар либоси шоҳӣ буд ва Искандар рў ба рўйи худ каси дигарро медид, на дарвеши дўшинро. Нону намак оварданд.
Искандар даст бурд. Нон шикаста нашуд. Нон ҳам, намак ҳам тиллойӣ буданд. Дар шигифт монд.
Ҳанўз Искандар асрор надониста ва ё ба худ наомада, ё худ чизе напурсидаву нагуфта, хоқони Чин бифармуд, то рўпўши осмонӣ аз рўйи замин бардоранд. Чун болопўш бардоштанд, акси Офтоб ба чашми Искандар бархўрд ва хира гардонд нурашро.
Искандар ҳайратзада шуд:
— Ту моро нону намак ваъда кардӣ, аммо зару зевар пеш овардӣ. Ин чӣ муаммост?
— Ту, Искандар, ба Шарқ на аз барои нону намак, балки аз барои зару зевар омадайӣ. Инак зар; инак зевар… Бихўр! Сер бишав!
Гаранг шуд Искандар. Сарфаҳм нарафт ба зудӣ. Биандешид; сар шикаст; алам кашид.. Дарёфт, ки хоқони Чин таҳқираш кард.
Нигарист бо тамасхур ба дастархони фарохи саросари водӣ, ки медурахшид аз нури Хуршед. Ва ў бо даст пеши нури дурахшро доштанӣ мешуд, аз гўшаи дигар ҷило меомад. Пушт гардонд Искандар ва ба Лисимаху сипоҳиён нигарист, ки ҳама чун ў бо сояи даст пеши чашм гирифтанӣ буданд; ҳеҷ якдигарро намедиданд. Низ ҳама пушт ба дастархони муҷалло гардониданд, то шоҳро бубинанд, ки чӣ фармояд. Вале ў чизе нафармуда, бо ғазаб ва хеле шўру тундӣ касеро меҷуст, то ханҷар занад.
Лисимах дарёфт хашму ғазаби ўро ва пиндошт, ки чун шери ғазаб ғуррад; сараввал ўро дарад, ки маслиҳати ноҷо дод… Ва аммо чизи дигар шикаст хомўширо: Искандар беодобӣ кард: пуршаст гашта ба пас пой зад нуқлу навои зарини рўйи хонро.

пешина
аз 391
навбатӣ