Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Садои пасти ашёъ баромад, ки монанд ба садои оҳану тунука набуд, балки вазнинтар, ки бар пунба печида бошад. Ин садо ба гўши шоҳ Искандар садои каси нимҷон ва мирандаро овард. Ба зарбҳои дигар пош хўрданд тангаҳо ва чизҳои гуногуншакли тиллойӣ.
Искандари то имрўз аз ягон кас таъна ё тамасхур надида ва фан нахўрда тунд гашту тез ва шамшер кашид аз наём.
Хоқони Чин беодобӣ ва шўри шоҳи мақдуниро дида, ишораи даст кард ба сари қуллаҳои водӣ. Ба ҷойи ҳар сабзаву гиёҳ сар руст аз замин; мисли мўру малах сарбозон хамиданд бо ёлаву бармолаҳо. Наъра зад Искандар, ки аҳд шикастӣ. Хоқони Чин сахт хандид…»
«Искандар! Искандар!» садо омад ба гўшаш ва овоз хандаи фағфури Чинро пахш кард. Инчунин садо бедор кард ўро...
Искандар миҷа мезад. Равшаноии беруни пардасароро медид, аммо ба ҳушу ба худ наомада буд. Сароро аз назар гузаронд, ки манзили ўст ё водии фарохи зарин. Хоб будааст. Мулоҳиза мекард; таъбир меҷуст. «Худоё… Худоё! Чӣ буд ин ҳама?» Касеро ба хобгузорӣ даъват накард. Бархесту сар бурун аз саропарда овард, ки сипоҳу сипоҳиён ҳастанд ё ҳама ба водии зарин рафтаанд. Рўз.
Равшан. Сипоҳ дар лашкаргоҳ. Вале чунон оромию хомўшӣ, ки дунё ба хоб рафта бошад.
Вале дуртар сипоҳи бешумори эрониён ба чашм мерасад андар паҳнои Говгомол. Гирифтор шуд ба худ: «Магар он водии фароху хони зарини хоқони Чин ҷабҳаву лашкари Порс аст?» аз худ пурсид, аммо ба касе чизе нагуфт: «Баъд гўям… Ман ба хони ў даст набурдам, балки пушт гардонидам ба хони тиллоии ў.»
Ҷавшани дар ҷанги Йусус ғанимат гирифтаро пўшид; кулаҳхўди хушсайқал бар сар ниҳод. Андаке бозистода мулоҳиза кард, пасон бурун омад аз пардасаро. Арзу саморо аз назар гузаронд ва сўйи лашкаргоҳи эрониён дида дўхт. Ба назараш сипоҳи эронӣ дар домани гардун намеғунҷид; зери уфуқ рафта буд.
«Бусефалро!»
Оварданд Бусефалро. Гирифтори андешаҳо, безобита аз хоби дида, беихтиёр пой бар рикоб ниҳоду пушти зини сиёҳмушкин шуд, ки нисфи барор ва пирўзиро аз ин ҷонвари хуҷистафол ва хушҷилав медонист. Аз баландӣ ҷабҳаи адўро дид; чун дўшина мўй бар андомаш дамид. Ду-се бор ҷунбиш бар зин кард, ки зери хафтонаш кайк ҷой шуда бошад.
Ҳолати сарбозон инчунин буд: тарс доштанду ваҳшат ва агар амри шоҳ Искандар набуд, касе набард накарда буд. Онҳо аз рўйи одат пайравӣ мекарданд ҳолатҳову амалҳои сарлашкарро. Аммо намедонистанд сабаби орому хомўш бар асб нишастани ўро; хоби дидаи ўро; андешаҳои ўро; тарси ўро.

пешина
аз 391
навбатӣ