Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ин замон сипоҳи бехоби Доро низ ба по хеста буд. Сипоҳ рў ба Мағриб дошт. Шоҳи бузург дар иҳотаи ҷондорҳои хеш ва саворони пилони ҳиндӣ андар дили лашкар қарор гирифта буд.
Дар ду канор саворони бешумор ҷой доштанд: андар ҷаноҳи рост Мозай бо саворнизомони хеш ва аз боли чап сипаҳсолор Бесуси бохтарӣ ҳозирбош буданд. Ҳар ду бар он буданд, ки рахна зананд аз миёни лашкари Искандар ва иҳота кунанд ононро. Аммо Доро аз тарсу ҳарос раҳо нагашта буд; эҳсос мекард, ки нерўе ўро на сўйи корзор барад, балки пас кашад. Лекин сипоҳи бешумору анбўҳ ўро пасрў рафтан нагузоранд; балки болида дорад, то хасми нохондаро пирўз ояд. Доро дар андеша, ки чун шаб даргузашт, Искандар ҳамла накард. Зеро шоҳи шабрав ба ҳуҷуми шабона ва шабохун заданҳо машҳур аст; гумон наравад, ки рўзона ҷанги рўёрў карда тавонад. Ва худ низ аз ҳуҷуму ҳамла ор дорад.
Доро ҳимояи Ватанро шарафи бузург медонад; тохт оварданро бешарафӣ. Шоҳи Порс алами зиёд дорад. Бояд биситонад ҳама қасду аламро.
Чун ҳамеша Искандар савори Бусефали хушҷилав сафу раддаҳои лашкар аз назар гузаронд. Ва ин бор ба ҷойи Пармониёни размдида писари ў Никонори бебокро паҳлўи худ гирифта буд.
Шоҳи ҷавшанпўши хўдкулаҳ бар сар, шамшердармиён мўзаҳои пошнабаландро ба рикоб тира карда, қомат афрохта буд ва сипари зиреҳпўш дар дасти чап медошт. Фидоиҳо ва ҷондоронаш сапедпўш буданд. Ў чун лашкаркаши бузург ҳама ҷабҳа ва фавҷҳоро аз назар гузаронд, то қаноатманд гардад аз сипоҳи хеш. Чун назди саворони номӣ расид, даст сўйи осмон кушод, то донанд, ки ў имон меоварад Худоён – Зевсу Аммонро. Пирўзӣ талабид аз эшон:
«Худоёни Осмону Замин, мақдуниёнро мадад кунед! Писари хешро аз ёд набароред!»
Искандар кореро кард, ки дар корзори Йусус карда буд. Сипоҳи сафшикани ў, ки рў ба Офтоббаро дошт, нигарон буд фармони сипаҳсолорро. Лашкаркаши ҷавшанпўш фавҷу сафҳои омода ба набардро аз наздик чашм чаронд ва канори рости ҷабҳаро пурзўру сафдар кард. Гетайрҳои машҳур низ ҳозиру нозир буданд.
Ҷаноҳи чап аз сипоҳони пиёда, саворнизомиёни юнонӣ ва дастаи сарфавҷ Кратер иборат буд. Ва Пармониёни сипаҳсолор ҷилави майсара ба ўҳда дошт. Бо ин ҳама сафу радди сипоҳи Искандар кўтоҳ буд нисбат ба сафи лашкари Доро. Искандари андар маймана ҷой гирифта рў ба қалби фавҷи Доро оварда буд. Фармуд аз иттифоқчиён ва бардаҳои юнонӣ раддаи дигар созанд ва дар канори ҷабҳа сарбозони чобуку чолок ва сабуксилоҳро гузоранд; андармон ва осема кунанд сипоҳиёни сипоҳи Дороро. Сипаҳбадон Бесус ва Мозайро бифиребанду сўйи худ кашанд ва Искандар бишикофад қалбу алди лашкари порсиро.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо