Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Порсҳо низ чашмдор буданд ба қалбу алди лашкарашон ҳамлавар шудани Искандарро. Омодаву ҳозир буданд иҳота гирифтани фавҷи шоҳи мақдуниро, то яксара гардонанд ҷанги Юнону Порсро. Порсҳо имкон медоданд ва меангехтанд Искандарро, то ҳамлавар шавад. Аммо шоҳи мақдунӣ коре кард, ки порсҳо чашм надоштанд: Искандар майли ҳуҷум накард. Балки нияти онҳоро пай бурда, шишаи сабри онон шикаст ва изҳор кард: «Ҳама кору барори ман аз худоён бувад; инчунин набарду пирўзиҳоям. Ҳанўз ки ваҳй наомада, ҳуҷум кардан маънӣ надорад!» Пасон ҷунбиши назарфиреб кард: гўиё аз ангезаи порсҳо ба танг омада, ҳолӣ ҳозир ҳамлавар шуданист. Вале чапғалат зад: лашкарро канор бурд – сўйи ҷануб. Ба назар оҳанги тарсу фирор кард. Искандар дастур гирифта буд, ки порсҳоро бо усули худашон мағлуб кардан осонтар аст. Сипоҳи ў, ки найрангомўхта шуда буд ва ҳиласозиро хуб медонист, шоҳ ҳар найрангу ҳиларо дилпурона мефармуд ё худ сарварӣ мекард. Бавижа вақте ки сипаҳсолори ҷангдида Пармониён майсараро пуштибон аст ва пури ў ҳамроҳи шоҳ.
Чун Искандар ҳуҷум наоварда, сипоҳро ҷанубтар мебурд, Дороро аҷаб омад, ки чӣ рафтору кирдор кунад шоҳи мақдунӣ. Аз ин хотир Доро аз қалби лашкар ба канори чап гузашт, то ҳиласозии Искандарро бишканад. Вале боз ҷанубтар рафтану овард накардани Мақдунӣ косаи сабри Дороро бишикаст. Олуғда ва тангдил шуд Доро. Бифармуд, то бо гардунаҳои ҷангӣ ҳуҷумовар гарданд лашкари мақдуниёнро ва пеш рафт.
Искандар омадани сипоҳи бешумори Дороро дид ва безобитагиву ҷойивазкуниашонро мушоҳида кард. Намуд, ки на сипоҳ, балки Замин меҷунбад ва равона шуда. Ва рўйи он лашкари порсӣ чун дарё ҷорист. Раъша дамид бар танаш; худро афшонд. Ва Пармониёни размдидаро фармуд ба канори ҷанубии артиши адў бигзарад, то ҳаракати онҳоро боздорад. Чунин безобитагӣ ва сафшикании Дорои нобалад ба ҷанг муроди Искандар буд. Пароканда шуд маркази лашкари Доро. Ба назар сарбозони кирояи юнонӣ ҷой холӣ мекарданд ва аз парешониву безобитагии сипоҳ шоҳ Доро ин чизро мушоҳида намекард. Сипаҳсолор Бесуси ба танг омада дар чунин фурсату ҳол чизе гуфтаву фармуда наметавонист шоҳро; зеро Доро ба гуфтаҳои Бесус бовар надошт, ба хусус ҳолиё.
Аммо Искандари зирак сабру таҳаммул ихтиёр карда буд ва тамкин дошт. Фурсати боб меҷуст барои ҳуҷум. Дастаҳои зарбазани канорро пеш андохт, то нақшаи иҳота кардани Доро Искандарро боздоранд. Ва чун лашкаркаши мақдунӣ ковокии фавҷи порсиро диду дарёфт, ки сарбозони кирояи юнонӣ кори дар ҷанги Йусус кардаашонро такрор доранд – ба дигар фавҷҳо омехтаву ҳамроҳ гашта, дўлоб мекунанд ва ҷояшон холӣ мегардад, фурсат ғанимат дониста омода ба ҳуҷум гаштанд: гетайрҳо дар они воҳид саф оростанд фонашакл.

пешина
аз 391
навбатӣ