Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Сарбозони дигар низ омода шуданд ва зери садои шайпури ҷангӣ ҳаракат карданд сўйи душман.
Искандар ёд овард Зевси барроқро. Ва чунон ки фона бар кунда кўбанд, сафи нўгтези фонасаф тез рафт ба миёни лашкар, ки Доро он ҷо мавқеъ гирифта буд. Ғирев ба миён омад. Вале чунин ҳолат мақдуниёнро чандон хуб набуд. Дар сафи онҳо низ рахна пайдо шуд. Ва дастаи саворони эронӣ бар асари гардунаҳои ҷангӣ ҳамлавар шуданд.
Зи зери суму наъли асбон гард бархест ба само. Садои бархўрдани найзаву шамшеру сипар меомад; шиҳаи асбону наъраи пилони захмӣ ба фалак мепечид. Чакочуки аслиҳаҳо зарби оҳанги «рақс»-и майдони набард буд. Ба назари Искандар дастаи ба қалби адў фурў рафта аз дигар фавҷу дастаҳо дур шуд.
Ин замон фавҷи сабуксилоҳу саворнизоми Мозай дастаи Пармониёни номиро гирд гирифтанд. Дар чунин лаҳза Бесус бо дастаи тавонои хеш ба гурўҳи фонаосо саф кашидаи мақдуниён мебоист зарба бизанад, вале чунон шуд, ки худи Бесус дар ҳалқа афтод. Бештар ба Доро хашм гирифт, ки ба Искандар. Ба назараш чунон расид, ки ҷувозак мекунанд сарбозони юнонӣ андар миёна.
Ў ҷангро монда, сурати шоҳаншоҳро меҷуст аз миёни чангу бод, то бо нигоҳи осема, хашмӣ ва пурнафрат бифаҳмонад: «Ба ҳарфам бовар накардӣ, рўзатро бин!»
Ва ғайричашмдошт, чунон ки лаҳзае пеш дар маймана шуда буд, ҳолиё андар майсара бишуд. Ҷунбиши сахт ба миён омад ва гирдоб шуд ва якбора боли чапи лашкар холӣ гашт. Ин ҷо дастаи асливу наҷодии эрониён набард мекард. Сарбозони кирояи юнонии порсӣ ҷаноҳи ростро холӣ гузошта, гўё ба кўмак ба боли холӣ гузаштанд; дар амал боли ростро низ холӣ гузоштанд. Гурди «Ҷовид», ки ба талотўб ва шўру ошўб афтода буд, натавонист истодагарӣ бикунад. Ҷой холӣ шуд. Бесуси ба Доро кина гирифта гурехт ва фавҷи гаронаслиҳаи душман ҳуҷумовар гашт ва боли чапи артиши эрониёнро бишикаст. Лашкари бешумори осемасар бе сипаҳсолор монд.
Дорои Саввум тори гардунаи баланд қомат афрошта, корзорро аз назар мегузаронд. Умед ба гардунаҳои ҷангии теғдор дошт ва гумонаш баробари чаҳорнаъл рафтани асбони гардунакаш дудамаҳои тези дар тири чархҳои ароба васлкарда сарбозони паҳлўро қалам-қалам бурида, даштро пур аз хун ва гўшту мурдаи сарбозони мақдунӣ мегардонд. Вале чун Искандар ҷангро дар ноҳамвориҳо кашид, гардунаҳо ҳама бетеғ гаштанд. Ва найзавару шамшерзанҳои сипоҳи Искандар асбони дугонаву сегонаи гардунаҳоро аз наздик зада, аз пой афканданд; баъзан асбони миёна зўрашон намерасид, ки мурдаи ду асби паҳлўро вазза кашанд.
Гардунаҳо худ аз худ қарор мегирифтанд ва ё чаппа мегаштанд; саворонашон дастгир ё кушта мешуданд. Дорои Саввум ҳанўз ҳам дида мечаронд, ки кай сарбозонаш чира меоянд бар хасм, ў баландтар аз ҳама гардан фароз дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо