Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Вале сарбозони эронӣ шоҳаншоҳи холабеғамро намедиданд.
Дорои Саввум чандон эътибор ба боли чап надод; фирори Бесусро ҳам надид. Диққаташ бар он буд, ки фавҷи сипаҳсолори юнонӣ Пармониён ба ҳалқа афтода. Воқеан дастаи Пармониён ба танг омада буд. Ва ў пай бурда, ки тангтар мешавад ҳалқа. Дар чунин ҳолату фурсат танҳо умед ба Искандар буд. Вале ҳалқа тангтар ва қабз мешуд чун гулўи панҷагирифта; мададе аз Искандар набуд. Сипаҳсолорро зўр омад, то рў оварад ба шоҳ Искандар.
Искандар чун Геракл меҷангид. Ў ҷанги охирини Гераклро ёд овард, ки бо машаққат пирўз гашта, дар қасри душман тантана мекард. Ва ҳини базм хилъати заҳрогини занаш фиристодаро пўшида дар гирифт ва ҳамон зайл тобути фурўзони ўро бардошта то қуллаи кўҳи Олимп бароварда, дар ҷойи намоён дафн карданд, ки то ҳанўз шўълаи оташи он мамлакатро мунаввар мегардонад.
Искандар дар чунин ҳолати танг ва зарурат орзу кард, ки мурдааш равшан гардонад оламро. Баъди сараш «Оламафрўз» хонандаш.
Чок карду убур миёни лашкари анбўҳи Дороро. Фиристодаи Пармониёни испаҳсолор дер ҷусту пайдо накард ўро. Вай андар миёни корзор шамшер мезад чу Геракл ва ба назараш шери бало, аждари нўҳсар ва девони бадсуратро мекушт. Чун танг меомад, гумон мекард бибохта набардро. Ва чун ба худ меомад, барқосо кор мекард мағзаш: «Ба ҳар сурат пирўз бояд гардид. Бурун бояд рафт аз худ.» Ба ҳар дастае, ки рў ба рў мешуд, ҳунар ва шуҷоат нишон медод. Чирадаст мешуд ва ба хоку хун оғушта мегардонд адўро… Инак ў аз миёни гардунаҳои ҷангии порсӣ, пилони ҳиндӣ, асбони бохтарӣ, саворон, найзавару тирандоз ва шамшерзанон шоҳаншоҳи Порсро меҷуст. Чунон ки дар ҷанги Йусус рух дода буд, Искандар дар ҷўши ҷанг дар ҳама хиттаву қитъаи майдони набард ҷўё буд Дороро, то пайдо кунад ва нараҳонад гўри ба дом омадаро. Қадам ба қадам наздик мешуд ба Доро, вале намедиду намедонист, ки шоҳаншоҳ тори гардунаи ҷангии шоҳӣ ҳунари беназири ўро тамошо дорад…
…ва шоҳаншоҳ намедонист, ки хиёнати бузург шуд: ҳам бардаҳои юнонӣ ва ҳам сипаҳсолор Бесус хиёнат карданд ба ў. Он қадар гирифтори ҷанги Искандар буд, ки ин чизҳоро надид. Аммо овард ва қаҳрамонии беназири Искандарро дид ва ларза афтод бар андомаш. Осемасар шуд. Оҳанги гурез кард.
Искандари бедорбахт ҷангро анҷомпазируфта донист ва дунбола гирифт сайди гурезонро. Вале гумаш кард миёни ғубори меғосои аз зери суми асбони дастаи Доро ба фазо печида.
Искандар убур кард миёни абри ғуборро. Ва дар чунин ҳолату лаҳза фиристодаи Пармониён дарёфт Искандарро ва хоҳиши сипаҳсолорро бирасонд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо