Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

«Сипаҳсолор Пармониёнро кўмак мебод!»
Искандар ҷилави Бусефал пас кашид ва чун шағоли бахашмомада дандон соид, ки сайд бирафт аз даст. Парешон гашт, ки фирори Доро фиреб буда ва Пармониён ҷангро бохта. Вагарна дар чунин ҳолат ўро аз роҳ намегардонд. Баъд ба ёдаш зад, ки сипаҳсолори пирро ранҷонида; инчунин баргардонида буд аз Тир ба Йусус. Чун зўр омад, бозхонд ба ҷанги нав; писарашро низ дар паҳлўи худ гирифт... Кунун ки тангу зарур омада, кўмаки шоҳро мехоҳад сипаҳсолор.
Ў баргашт. Вале ба фавҷи Пармониён нарасида ба порсҳое дучор омад, ки миёни сипоҳи фонасари мақдуниёнро шикаста, ҷангро бурда пиндошта, ба ғорати сарвату хостаи ғаниматгирифтаи мақдуниён пардохта буданд.
Ҷанг давом кард.
Дастаи эрониён рў ба гурез оварданд. Дар ҳолати гурез ҳам зарба ба юнониён мезаданд. Хуни зиёд рехт. Искандар натавонист пеши роҳи онҳоро бигирад. Шоҳи ҳушманд мағлубияти порсиёнро пай бурд; дунбола нагирифт. Рў ба дастаи Пармониёни пир овард, ки дар иҳотаи ҷанговарони эронӣ талвосаи ҷон ба саломат бурдан дошт. Порсиён, ки аз фирори шоҳаншоҳ огоҳ набуданд, размро бурда пиндошта, ба шасти аввал ҷанг намекарданд. Аммо Пармониёни пири юнонӣ охирин нерўи хеш ҷамъ карда, ҷангиданӣ буд ва зарбаҳои сахт задан мехост. Дандон дошт ба Мозай, вале дастгираш накард.
Искандари ба ваҷд омада дарёфт, ки Пармониёни пир рахна кардааст ҳалқаи эрониёнро ва онон оҳанги гурез доранд. Ба ҷанг даромад Искандар. Ба фазо бархест дуди корзор. Куштаҳо пушта шуданд ва хунҳо равон. Чун саворони эронӣ диданд, ки илоҷе нест, паси абри ғубор ғайб заданд. Пармониёни пир пирўз пиндошт хешро.
… Бесус гурехт. Доро фирор кард. Сарбозони зархарид ҳазимат карданд. Мозай низ рў ба пушт гардонд. Ҳама мурдаҳо зери пой карда гурезон буданд ва касеро ёди ҳамроҳу ҳамнабард, ҳамрикобу ҳамсаф ва ё шарику дўст набуд. Чун ҳама ба пушт нигоҳ накарда мегурехтанд, Искандар онҳоро дунбола гирифт то Арбел. То шом пешандоз мебурд ба роҳҳои ҷануби шарқӣ. Ва чун аз рўди Лики Ассирия гузаштанд, Искандар сипоҳашро дам доду фароғат.
Дорову саворони Бесус фарсахҳо дур рафта ба кўҳистони Курдистон расиданд. Мозай роҳи хеш дигар карда гурехт то Бобулистон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо