Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

БАНДИ САВВУМ
Андар рустои Арбел вабо омада буд. Аз ин рў Искандар бадрўд гуфт он мавзеъро ва рустои Зуби Хурдро гузашта, то шаҳри нафт Киркука расид. Искандару сипоҳиёнашро дар он мулк хуш пазируфтанд ва базм оростанд. Киркука ширинкорҳо дошт ва ҳунармандон. Ҳар кас дониста ва тавонистаашро намоиш медод. Чун Киркука шўҳрат ба нафт дошт, масхарабозе ҳунар менамуд, ки хосу мувофиқ буд ба рўзгорашон. Масхарабоз писаракеро оғишта ба нафт оташ зад. Умеду гумон дошт, ки нафт месўзад, писарак мемонад. Вале писарак баробари нафт месўхт.
Фарёд мекашиду худро ба замин мезаду ғел мегашт, то оташро хомўш кунад… Масхарабоз механдид девонавор. Тамошобин гумон дошт бозиест ва ҳамин замон оташ хомўш гашта писарак назди тамошобин хандон хешро намоиш медиҳад. Чун диданд, ки писарак дар алангаи оташ месўзад, ба кўмакаш расиданд: дар намаду шол печиданд ўро ва хомўш карданд оташро…
Шоҳи мақдуниро хуш наомад чунин бозӣ; фармуд масхарабозро маҳрум созанд аз чунин ҳунари носавоб. Масхарабоз табассум кард ва дастон сўйи Искандар воз карда фармуд:
«Чӣ фарқ дорад? Хоҳ – нохоҳ ҳамаамон дар оташи нафт хоҳем сўхт!»
Искандар кинояи масхарабозро нафаҳмид ва таҳпурсӣ накард. Балки аз пазиройӣ зуд сер шудагӣ барин роҳ паймуд сўйи Бобул. Чун медонист, ки яке аз сипаҳбадони эронӣ баъди ҷанги Говгомол ба ин пойтахти зеботарини Порс фирор карда, набарди хунинро чашмдор буд. Вале то ҳол намедонист, ки он ҷанговари гурезон сатрапи Бобул Мозай ном дорад. Аз ин хотир Искандар саф орост лашкари хешро, то ба ҳар зарбаву ҳамла омода бошад.
Чун ҳамеша зўру тавони ҷангӣ ба инобат мегирифт: ямину ясорро аз назар мегузаронд; канори ростро пурзўр мекард ва канори чапро камқувват, то ҳамлаи душманро боздошта тавонад ва худ аз дасти рост ҳамлавар шавад ва зарбаи қатъӣ занад. Сафро аз назар гузаронд. Ҳуҷум накард ва ба шаҳр надаромад. Нигарон шуд, то душман овард кунад ва Искандар ҳунару маҳорати ҷангӣ нишон диҳад; чунон ки дар набарди нобаробари Говгомол. Чун медонист, ки мардуми Бобул ранҷида аз ҳахоманишиҳо, бавижа аз кирдорҳои Куруш аз барои яҳудиён, шояд кораш омад кунад.
Ў хайма зад дар беруни яке аз пойтахтҳои чаҳоргонаи Порс
– шаҳри Бобул. Аммо лозим нашуд, ки фароғат кунад андар он саро. Бобулиён намоянда фиристоданд ба пешвози сипоҳи Искандар. Миёни намояндаҳо сатрапи Бобул Мозай ва писарони баркамоли ў буданд. Мозай ва пирони кор бо нону намак омаданд ва шоҳи мақдуниро чеҳра шукуфт. Коҳинон ва мардуми шаҳр меомаданд аз паси шаҳрдор. Чун Искандар аз нону намак чошнӣ кард, бо кафкўбиҳо пазируфтандаш.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо