Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Искандари хандонлабу маст маънии сухани Барзинро сарфаҳм нарафта, ангушта бизад. Пардадор ҳозир гашт ва зери тахти ҳахоманишиҳо сари суҷуд овард, гўйӣ ба Доро. Искандар чашмони нимкофашро боз карда натавониста тангтар кард, ки гўйӣ гуфтанӣ фаромўш шуда буд. Ва андар сари ў ҷуз таъсири шароб чизе боқӣ набуд. Боз ангушта зад ў касеро надида. Канизон ва хидматгузорон пеш омаданд. Искандари сонӣ даст ба ҳавои базму рақс боло бардошт, чунон ки аз баҳр ба кафи ду даст об мебардошта бошад. Ларзид. Пасон садояш боло шуд:
— Той-й-и-ис!!!
Барзин ҳайрон монд, ки чаро шоҳ ба сухани ў посух надод ва қасдона ин қадар ташвиш кашид; гетерро хост. Ҳамон замон ҳозир гашт Тойис. Тавозўъ кард.
— Ба ифтихори малика бирақс! – ишора Барзинро карда гуфт шоҳ.
Барзин ҳайрон монд; Тойис низ.
— Бирақс! – фармуд ба раққоса ва Барзинро ишора кард, то канораш биёяд.
Ҳанўз ки садои мусиқӣ набуд, Тойис фир гашту гирд ва шоҳро лаззате набуд. Ва чун садои мусиқӣ баланд шуд, шоҳи масрур ва хушҳол низ ҷон гирифт. Андар тахти шоҳӣ, ки пойҳояш кашол буданд, ба ҷунбиш даромад. Пасон Тойисро пеш хонд. Раққоса омад наздик ва зону зад назди тахт. Чунин пеши пойи Искандар зону задани раққоса хуш омад Барзинро, вале дар дил нафрин мекард. Чун дасти шоҳ ба гарданаш омад, ҳайронтар шуд. Искандар гарданбанди зарин аз гардани Барзин гирифт ва ба гардани Тойис овехт; ҳалқаҳои гўши занро рабуда ба гўши гетер ҳамоил кард; ангуштариҳои маликаро кашида ба ангуштони Тойис андохт ва баъд ба ҳавои мусиқӣ каф зад.
Тойис ба Барзин менигаристу ба шоҳ ва намедонист чӣ бикунад. Зеро ройи шоҳро рад кардан имкон надошт. Барзини ҳайрон, ки кўтаҳие аз ў гузашта бошад, дар пўсти хеш намегунҷид, вале хомўш буд.
Чун шоҳ бо ангушта ишораи хестан кард, раққоса зону бардошт, рўйи толор давр гашт ва бар қасди Барзин, гўйӣ они қасдситонӣ фаро расида бошад, хушҳол ба рақс омад.
Искандар оҳанги рақс дошт, вале аз маснад намефуромад.
Тахти пуршукўҳи ҳахоманишӣ барои шоҳи ҷавон хеле бузург метофт.
Барзинро намуд, ки шоҳ ҳама нағмаҳояшро барқасд мекунад.
Ва зани зирак бузургсолии хешро бурҳон оварда худро тасаллӣ медиҳад. На, ин на аз он, ки зан аз шў дар сол бузург аст ва худро тасаллӣ диҳад; бал аз он аст, ки Барзин пурдида, пуршунида ва бо ақлу хирад бувад ва қадри хешу қимати дигаронро донад.
Аз ин рў шикебо, пурбардошт ва бо таҳаммул аст. Каф кўбад барои Тойису рақси ўро, то Искандар хушҳол бошад ва онҳо пай набаранд, ки Барзин месўзад ё рашк мебарад; баракс тарзе рафтор мекунад, ки покдилӣ ва бузургии ўро дарёбанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо