Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Хуб донад, ба шоҳ ғазаб карда нашавад ва бар қасди ў рафтор кардан баробари худро ба обу оташ задан бувад. «Каҷ дору марез» бояд кард. Зеро дунё аз они зўр.
Тойис чарх мегашт, нозу адо дошт ба рағми Барзин. Чун авҷ мегирифт, Искандар сархушу беёд даст ба ҷайб бурд ва як каф тангаи сикказадаи Мозайро бароварда ба сари раққоса пошид.
Ғулғулафкан гашт базм; базми хосаи Искандарӣ ба базми умум табдил ёфт; дер огоҳшудагон як-як меомаданд.
Ва раққоса пойкўбону дастафшон ва думбаҷунбону навон ва шоналарзону синаафшон, зулфошуфтаву парешон ҳаракот дошт.
Барзинро парвое набуд; болотар аз ҳама чизу ҳама ҳунару ҳама кас мегирифт худро. Вале ин ҳол дер давом накард: ғаш кард дилаш; нафрат ва адоват чира гашт. Ба Искандар нигашт. Дастонаш болсурат кушода буд, ки дар фазои толори диж парвоз мекарда бошад.
«Шод аст шоҳ…» аз дил гузаронд Барзин ва ёд овард, ки худ бисёр шодиҳо дида, аммо шодком нашуда. Бо чунин вазъ ва рафтор ҳатто зани шоҳи Осиё буданро шодкомӣ намедонад. Ба назараш як ҳамсафар чун модари Доро – сарборӣ шоҳи мақдуниро. Зеро Искандар ўро чунон ки хоҳад, шоҳзан ва ё малика надонад. Вақте ки шоҳ бо зару зевар ва дигар зебоиҳо ўро оро дод, пиндошт маликааш хонад. Вале чун ҳамаро ба гардану гўшу ангуштҳои Тойис кўчонд, дилаш аз ҳама чиз монд ва кина гирифт шоҳро.
Искандарро зану фарзанд – чизҳои чандумдараҷа. Фикру зикри ў ба дигар чизҳо банд: дунёиву доройӣ, кишваркушойӣ, марзҷўйӣ, ҷаҳонбонӣ ва қатлу ғорату… ҷустуҷўи Оби Ҳаёт.
Чӣ шуд, ки базм интиҳо наёфта Искандар аз тахт фуромад, аммо гом зада натавонист. Барзин пиндошт арғушт меравад шоҳ.
Лекин Искандар сахт аз гардани Барзин дошта буд ва сўйи шабистон мебурд. Чун аз дар ворид гашт, «Оби Ҳаёт!» гуфт. Чун борҳо такрор кард, Барзинро тоқат шикаст:
— Кӣ гуфт, ки Оби Ҳаёт ҳаст?
— Арасту!
— Арасту фирефта туро!
— Чун?!
— Ў худ хўрда Оби Ҳаётро, ҷовидона хоҳад монд.
— Аз ин рў наомада ҳамроҳи мо?
— Бале…
Искандар ҳушёр гашт; андеша ва ғазаб кард: «Пас ман беҳуда марзҷўйӣ кунам?»
— На, Искандар… Шумо баҳуда марзҷўйӣ кунед: зар ба даст оред, воми мақдуниёнро адо кунед; ин қадар сарбозонро нон диҳед; мақдуниёнро сарвару саробон ҳастед; Искандариҳо созед…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо