Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

магар ин бемаргӣ нест? Оби Ҳаёт ҳамин аст. Арасту ҳамин чизро дар назар дошта. Аммо Оби Ҳаёти Суқрот ва Фалотунро нагуфта.
— Чӣ гуна?
— Оби Ҳаёти онҳо дигар аст, Искандар, ки Олимпиада шуморо дуруст ба лаби ин об бурда буд: фалсафа ва донишу хиради юнонӣ…
Искандар ҳушёр гашт. Сўйи Барзин дер нигарист ва ба худ омад, ки гуфт: «Ту зани оддӣ найӣ, Барзин» ва оғўш гирифт.
«Вақте ки Бобулро тамошо мекардем, Арасту ёдам омад ва ман ба ў ҳама чизро фиристодам. Як уштур бор… Модарамро низ… Сорбони қофиларо гуфтам, ки ба Антипатр расонад; фиристодаҳои маро ба устод бидиҳад ва ба модарам; ба ҷойи ман низ хидмат кунад…
— Ва бовар доред, ки Антипатр ин корро кунад?
— Бояд бикунад…
— Рост. Бояд бикунад. Аммо накунад. Зар чизе нест, ки бо хоҳиш аз даст ба даст гузарад. Раги дасти диҳанда ҳама вақт кашад…
— Ҳммм… Барзин, акнун бигўй, ки он чӣ аз «Оби Ҳаёт»-и файласуфон гуфтӣ, аз кӣ шунидӣ?
— Аз ҳеҷ кас, аз рўйи ақли хеш гуфтам.
— На, ақли зан дигаргуна бувад; ту низ аз ин хусусҳо фикр накунӣ. Занҳо бештар дар бораи зару зевар фикр кунанд.
— Ман аз он занҳо нестам, Искандар. Агар дар бораи зару зевар фикр мекардам, занҷираву ҳалқаву ангуштарии тўҳфа кардаи шуморо ба Тойис намебахшидам.
— Чӣ?! Тўҳфаи маро ба Тойис бахшидӣ? Ба ҳамон раққоса?!
— Бале!
— Магар тўҳфаи ман ночиз буд?
— На, чиз буд… Чун шумо хостед…
— Кай буд, ки ман ёд надорам?
— Оне пештар; дар базми ҷулуси шоҳ Искандар.
— Пас бирав, бигир!
— На. Дар шаъни шоҳии малик Искандар хуб нашавад.
Шоҳ чунин хостаҳоро зиёд пайдо кунад. Ҳатто дар ин хусус ҳарфе набояд шавад. Мо набояд дар ин бораҳо андеша кунем.
Шумо – шоҳ, ман – малика.
Искандар сукут варзид, то маънии сухани Барзинро дарёбад.
Шоҳ метавонист бо он ҳама тезии хун ва мизоҷи тунд зуд посух бидиҳад занро, ки ту малика найӣ; барои ин ҳарфро гуфтан касе туро ҳуқуқ надода…
… вале мардум, бавижа сарбозон ва онҳое, ки дар сипоҳи ў ҳастанд, донанд, ки Барзин писар дорад аз Искандар.

пешина
аз 391
навбатӣ