Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Парасторро бигўям, Гераклро биоварад? – гўйӣ махсус дар чунин вазъу ҳолат пурсид Барзин.
— На. Бигзор роҳат кунад.
— Маълум, ки шоҳ шоҳзодаро пазмон нашуда.
Ва «шоҳзода» хондани Барзин писарашро беҳуда набуд. Барзин донистанӣ буд, ки Искандар ба ин ҳарф чӣ мегўяд:
— Пазмон шуда… Вале ҳоло шоҳ мехоҳад бо малика бошад.
Барзин ҳамин матлабро орзу дошт. Аммо бовар накард, ки малик Искандар самимӣ гўяд:
— Он, ки шоҳ фармуданд, самимист?
— Оре, самимист. – Нарм гуфт шоҳ ва маликаро рўйи бистар хобонд.
Чанд муддат оромӣ буд ва якбора нафаси Искандар тез шуд ва хунҷа кард; ба назар замин ларзид. Паҳлўи рости гардани занро ваҳшиёна макид ва нафасаш гашта якбора фарёди баланд баровард ва вазн ба Барзин андохта хоб рафт. Барзин сахт оғўш кард шоҳро, ки кам рух медод. Муддате баъд ҳарду рўболо шуданд ва андеша мекарданд. Барзин ба ҳазору як шаҳри хаёл сафар кард; аз шоҳ бисёр чизҳоро пурсиданӣ шуд; сабабҳои сафари бемуддати ўро дониста, аз роҳ боздоштан мехост; аммо… шоҳ шоҳ бувад.
— Шоҳо, чаро модари Дороро ҳамроҳ гардонед?
— Амонат…
— Раҳо кардан хуб нест?
— Раҳо кардан хуб аст; ҳатто ҷонваронро раҳо кардан савоб аст, вале зарурате ҳаст.
— Зарурате?
— Оре, зарурате!
— Оё ўро дар мулке гузоштан ва нафақа таъйин кардан хубтар нест?
— На. Ман бояд ўро бо писараш рў ба рў кунам. Модарро ба писар ва писарро ба модар бисупорам.
— Ҳадаф чист? Онҳо, ки душмани шумоянд?
— Ба душман будани онон коре надорам. Бояд эрониён фикр бикунанд ва донанд, ки Искандари Мақдунӣ одилтарин шоҳи олам аст.
— Чунон ки дарёфтам, шумо шоҳи Эронро накушед, балки асир гиред ё пўзиш кунед?
— Ҳамин тавр, Барзин; обро дида бояд мўза кашид.
Барзин дарёфт, ки Искандар ба сўҳбат нуқта гузошт ва агар ў боз пурсуҷў кунад, шоҳ хашмӣ хоҳад гашт. Аз ин рў нафаси дароз кашид.
— Чаро оҳ кашидӣ, Барзин?
— Нафасам тангӣ кард.
— На, аз нафас набувад; гуфтание дорӣ.
— На.

пешина
аз 391
навбатӣ