Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— На магўй, дорӣ. Он чӣ дорӣ, бигўй!
— Ростӣ, баъзан андеша мекунам, ки он қадар ганҷе, ки шоҳ ба Мақдуниё мефиристанд, то расидан ба Пелла побарҷой мемонда бошад?
— Яъне, чӣ? Як навъ гурез аст ё воқеан дар ин бора фикр кунӣ?
— Фикр кунам, шоҳ.
— Пас ба фикри ту расад ё нарасад?
— Расад… Нарасад… Тарсам ин аст, ки касе хиёнат кунад.
— Агар хиёнат кунад, ба худ кунад. Агар юнонист, дар Отин; агар мақдунист, дар Пелла; агар порс аст, дар Бобул ё Шуш маслуб хоҳам кард.
Барзин дигар пурсон нашуд, ки Искандар ё ба сиёсату тавоноии хеш бовар дорад, ки аз тарс хиёнат накунанд ва ё дилаш соф аст ва ба мардум бовар кунад. Аммо дар дили шоҳ оташ афканда буд. Шоҳ бархест сари ҷогаҳ. Пасон сари пой гашт ва назди тиреза шуд.
Истироҳати чаҳоррўза шоҳро хеле тўлонӣ тофт. Ба назараш Дорои Саввум ба дуродур рафта ва нерўи зиёде фаро оварда.
Вале ҳоло то пойтахти асосии давлати ҳахоманишиҳо нарасида…
Шоҳ Искандар нагузорад, ки эрониён ганҷи хазинаи шоҳиро ба яғмо баранд ва ё ба дигар хазина кўчонанд.
Шоҳи мақдунӣ мамолики дигарро гирифт ба осонӣ; ба Армониё барин кишвар, ки Дорои Кудумон то замони ба тахти шоҳӣ нишастанаш солори он мулк буд, нарафта, беҷанг кишварро ба тасарруфи хеш даровард ва хоки худ донист. Ва Мифрени порсро, ки замоне шоҳро некӣ карда буд, сатрапи он вилоят таъйин кард ва пиндошт вилоятҳои боқимондаи Эронро низ чунин осон ва ройгон ба даст оварад…
Лашкар кашид сўйи Эроншаҳр. Медонист, ки Эроншаҳр пойтахти асосии сулолаи Ҳахоманишиён ва муҳимтарин аз марказҳои чаҳоргона ба шумор меравад ва хазинае, ки дар ин ҷо ҳаст, дар ҷойи дигар шуда ва буда наметавонад. Ў тасаввур мекард ва пеши назар меовард ганҷи хуфтаи Эронро ва афсонаҳо низ мебофт, ки аждарҳои ҳафтсару нўҳсар бояд тори он манзил гузида бошад ва нагузорад, ки касе пеш ояд. Каф соид Искандар, ки ба номи ў тилисм шуда ганҷина. Пиндошт гуворотарин лаҳза дар пеш аст. Уштуронро андешид; ранг интихоб кард ва хаёлӣ пеши назар овард, ки як саф уштурони сурхмў гузаштанд, сафи дигар сутурони сапедмўй буданд, ноқаву норҳои маллаву хокистарӣ буданд, бўр буданд… чун шутурон нарасиданд, бар асбон бор бастанд ва худи шоҳи мақдунӣ қофиласолор шуд… вале ба худ омада рад кард: «Ман то ҷое бояд бирасам, ки Хуршед тулўъ мекунад.»
Валвалаву васвасаи зари Порс, ки чандин бор бо чашми сараш дид ва онро сўйи Мақдуниё бор баст, осудаву оромаш намегузошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо