Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Садои ҷарасҳо меомад ба гўшаш, ки аз Тахти Ҷамшед то қасри Файлақус зангўла дошт…
Чилла даромад. Барф борид. Ҳаво сард шуд. Дар чунин ҳавои замҳарир, ки дар кишвари Эрон кам рух медиҳад, Искандар лашкар кашид сўйи Эроншаҳр. Ў пиндошта, ки дар чунин фасл эрониёни кишоварз роҳату фароғат доранд; фориғ аз кор ҳастанд ва хоболуд тобанд. Созгор донист айёмро барои пархош. Чун роҳи Эрон аз тори кўҳҳо мегузашт, сипоҳи Искандар ба тангнои саъбулубур дучор омад.
Тақрибан дувист ё саду панҷоҳ сол муқаддам аз ҷулуси Искандар ва лашкаркашиҳои ў порсҳо ба Мақдуниёву Юнон тохт оварда, пархошта, бедодгариҳо низ карда буданд; он вақт мулки Порс бе солор монда буд, чунон ки Мақдуниё ҳолиё. Он рўзҳо дар кўҳистони миёни Шушу Эроншаҳр қабилае бо ноими уксҳо пайдо шуд ва тохту тоз кард; ба чизакҳое ноил гашт; лаззати доройӣ чашид; салтанату ҳукмронӣ дид, худро озод ва солору соҳиб дарёфт; писанд накард қавмеро, миллатеро. Чун шоҳони Эрон аз Мағриб баргаштанд, уксҳо сар нафуроварданд ва роҳбандиву роҳзанӣ пеша карданд. Ва то имрўз, ки Дорои Саввум аз ин роҳ убур мекунад, боҷу хироҷи роҳ бояд биспорад.
Искандари сонӣ ҳам бо ҳамин роҳ омад. То ҷое расид, ки тангнои махуф буд. Ва сипоҳи ўро боздоштанд уксҳо. Чун Искандар рехтани тиру пайкон бидид, ҷилави Бусефал кашид. Ва амр кард ба пештозҳои худ:
— Биравед ва бидонед, ки онҳо кистанд ва чӣ хоҳанд?
Фиристодагон рафтанд. Бусефал рўйи барф сум мекўфт.
Онҳо оварданд:
— Инҳо тоифае ҳастанд бо номи уксҳо ва бози роҳдорӣ хоҳанд.
Искандар фармуд:
— Бигўед, биёянд!
Намояндагон омаданд.
Искандар чун бидид, ки ин тоифа касон ба порсҳои мутамаддин монанд нестанд, пурсид:
— Кистед?
Намояндагон посух доданд:
— Уксҳо!
1
— Боз аз чӣ рў хоҳед?
Гуфтанд:
— Дар ин ҷо одат шуда, ки ҳар марди бузург аз ин роҳ убур кунад, бояд боз бидиҳад ба унвони роҳдорӣ.
Искандар посухи онҳоро эътибор надода, гурез кард:
- Боз – боҷу хироҷ; бозор аз «боҷ ор» бувад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо