Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Дорои Саввум охирин бор кай аз ин роҳ гузашта буд?
Намояндагон гуфтанд:
— Ёд надорем. Замоне сўйи Шуш рафта буд ва бози роҳ пардохта буд, вале бозгаштанашро ёд надорем.
Искандарро аён гашт, ки шоҳ Доро аз ин роҳ нагузашта. Онҳоро гўл задан хост….:
— Шояд шумо аз шоҳи бузурги мулки хеш боз нагиред; аз ин рў бозгаштанашро надонед?
— На. Моро фарқе надорад; ҳар кас аз роҳ убур кунад, бояд боз бидиҳад.
— Ва роҳи дигаре низ ҳаст?
Намояндагон ба киноя гуфтанд:
— Оре, роҳҳо зиёданд ва бо ин роҳ нобаладҳо оянд ва шитобзадаҳо.
Чун Искандарро ҳама чиз аён гашт, фиристодагони тоифаро гуфт:
— Сардорони хешро расонед: биёянд ва бози роҳдориашон биситонанд!
Намояндагон далел оварданд:
— Онҳо дар кўҳҳо парешонанд; рамаву гала доранд ва ба зудӣ наоянд. Бози роҳ моро диҳед!
Искандар чунон ки андеша дошта бошад, андаке бозмонд аз сухан ва ҳамаи ононро як-як аз назар гузаронд. Онҳо низ ба мўйи кўтоҳ, пўсти сапеди бемўйи офтоббардошта, чашмони обӣ ва чеҳраи ношоҳона; балки ба қиёфаи ҷангҷўёнаи Искандар, баробари нигоҳи ў дида дўхтанд:
— На. Бибояд ки шоҳ бо шоҳ радду бадал бикунад ва гадо бо гадо. Шумо ваҳшинигоҳ ҳастед ва палангчангол, муомиларо хуб нафаҳмед. Бигўед, сардорон биёянд!
Чун ин сухани таҳқиромези Искандарро аз забони тарҷумон шуниданд, ба ҷунбиш даромаданд; хашм гирифтанд, дандон соиданд, мушт дар паҳлўи хеш гиреҳ карданду фишурданд ва ночор баргаштанд. Танпўши зимистона ва каллапўшҳо ҳама гургинаву палангина аз пўсти шеру рўбоҳ буданд ва гоҳи рафтан ҳар кадом як ҳайвони ваҳшӣ ва ё даррандаро ёд меоварданд. Шоҳи мақдунӣ аз дунболи эшон заҳрханда зад. Кратери тануманд, ки дар чунин ҳавои сард ҳам аз зери ҷавшану афзори тан хафтон намепўшид, бозувони рўйини хешро бозӣ доронда ва намоиш дода, гоҳ-гоҳе мўйи дарози занонаашро аз бари гўш пушти гардан мезад, то амри шоҳ чӣ шавад.
Шаб фаро расид. Шоҳи шабрав ба гурўҳе аз сипоҳиёни кўҳнавард фармуд кўҳро ҳалқа гиранд. Ва фавҷҳои дигарро амр кард рустои доманаву моварои теппаҳоро ишғол намоянд. Даммарўз фармуди шоҳи лашкаркаш ба ҷо омад. Субҳи сарди кўҳистон аҳли тоифаро он қадар нобоб буд, ки баробари хешро дар иҳота дидан умед аз ҷон канданд.

пешина
аз 391
навбатӣ